Русия: Роман Абрамович ҳавопаймои қиматтаринро харид

Forbes хариди анҷомдодаи миллиардери русро гаронарзиштарин ҳавопаймои хусусии Русия то имрӯз номидааст. Ба иттилои нашрия, арзиши тахминии ҳавопаймо 350 миллион доллар ё тақрибан 25,9 миллиард рубл аст.

Ҳавопаймои Boeing 787-8 Dreamliner аз Базел (шаҳр дар шимолу ғарби Швейтсария) дар фурудгоҳи Внуково, ки авиатсияи хусусӣ хизмат мерасонад, фуруд омадааст.

Тибқи иттилои манбаъҳои Forbes, модели Boeing 787-8 ба намунаҳои » very VIP» тааллуқ дорад. Boeing ва Airbus дар як сол на бештар аз ду ё се чунин ҳавопаймо истеҳсол мекунанд.

Дар ҷаҳон ҳамагӣ 250 адад чунин ҳавопаймоҳо сохта шудаанд ва он барои Русия аввалин аст. Чунин ҳавопаймоҳо барои бароварда кардани эҳтиёҷоти шахсй кам истифода мешаванд.

«Дримлайнер»-е, ки Абрамович харидорӣ кардааст, соли 2015 барои як ширкати хусусии ҳавопаймоии Швейтсария — Privateair сохта шудааст. Аммо ширкати муштарӣ дар соли 2018 муфлис шуда, баъд аз он ҳавопаймо мутобиқи фармоиши Абрамович муҷаҳҳаз гардонида мешавад,- мегӯяд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *