Русия рондашудани дипломатҳояшро беҷавоб намонд
Дар посух ба ихроҷи 35 дипломати рус аз Амрико, мақомоти Русия амр доданд, Мактаби англисӣ-амрикоӣ ҷойи таҳсили фарзандони тамоми дипломатҳои Амрико, Бритониё ва Канадаро баста шавад. Телевизиони СИ ЭН ЭН дар ин бора гузориш дод.
Дар ин мактабҳо ҳамчунин фарзандони хориҷиёне, ки таҳсил мекунанд, ки дар Маскав кору зиндагӣ доранд. Бар асоси амри дигари мақомоти Русия, осоишгоҳи Серебярнний Бор, ки дар як ҷангалзори канори Маскав воқеъ аст, ба рӯи дипломатҳои амрикоӣ баста мешавад. Дар ин осоишгоҳ асосан дипломатҳои Амрико ва хонаводаҳояшон истироҳат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ