Русия шаҳрвандии ДИИШ-гароёнро лағв мекунад

Раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, мақомоти кишвар имкони аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардани онҳоеро пайдо мекунанд, ки ба гурӯҳҳои тундрав шомил шудаанд.

«Қонуни асосии Русия лағви шаҳрвандиро иҷозат намедиҳад. Дар ин робита имкони бекор кардани қарорҳое вуҷуд дорад, ки барои дарёфти шаҳрвандӣ асос шудаанд», — гуфт Владимир Путин рӯзи 12 апрел дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии «Мир-24».

Ахиран маълум шуд, ки гумбонбари амали террористӣ дар метрои Санкт-Петербург, зодаи Қирғизистон Акбарҷон Ҷалилов, соли 2011 шаҳрвандии Русияро барои он дарёфт кард, ки падараш дар Санкт-Петербург зиндагӣ мекард. Бисёриҳо дар Русия дастрасии Ҷалиловро ба шаҳрвандии Русия камбуди хадамоти муҳоҷират унвон карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *