Русия: Шиканҷаи муҳоҷири тоҷик бо электрошокер дар идораи пулис

«Ту ҳоло алифбои русиро ба ёд меорӣ». Ба дунбол садои электрошокер баланд мешуд ва муҳоҷири бечора дод мегуфт. Дар пулиси шаҳри Алдани ҷумҳурии Ёқутистони Русия бо чунин шева Ҳакимбек Маматқуловро пеш аз ихроҷаш ба Тоҷикистон «тарбия” мекарданд. Ин пулисҳои «муаллим”ҳоло дар бозпурсӣ дар ҳузури муфаттиш чунин ҷасуру боҷуръат нестанд. Аммо умед бастан ба ин, ки аз рафторашон нисбат ба як мардикори бечора шарм кунанд, зоҳиран беҳуда аст. Дар назари инҳо муҳоҷир инсон нест. Онҳо танҳо аз як чиз афсӯс мехӯранд, ки чаро телефони муҳоҷирро пайдо карда натавонистанд ва вай тамоми рафти азобу уқубаташро дар пулис сабт кард..?

Бо чунин пешгуфтор, нашрияи «Вечерний Якутск” балоеро, ки ба сари мардикори тоҷик Ҳакимбек Маматқулов дар шуъбаи пулиси шаҳри Алдани ҷумҳурии Ёқутистон оварданд, қисса кардааст.

Ҳакимбек Маматқулов муҳоҷири намунавӣ набуд ва дар дувуним соли кору зиндагиаш дар Алдан 13 бор ҷарима шудааст. Тақрибан ҳамааш барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ. Вале рӯзи 22 октябри соли 2018 ба вай ҳаққи иқомат дар Русия доданд ва Ҳакимбек дар Алдан расман сабти ном карда, соҳиби ҷои кори расмӣ шуд.

Аммо рӯзи 13 ноябр додгоҳ Маматқуловро барои он чанд ҷарима аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум ва ҳаққи иқоматашро лағв кард. Ӯ мебоист бо ҳукми додгоҳ тарки Русия мекард, вале Ҳакимбек дар Алдан монд, нарафт.

Рӯзи 13 январ ӯро ба шуъбаи муҳоҷирон (ОВМ)-и пулис Алдан даъват карданд, вале Ҳакимбек аз онҷо фирор кард. Рӯзи 17 январ ӯро аз нав ба инҷо оварда, бо иттиҳоми муқовимат ба кормандони пулис протокол карданд.

Ба Ҳакимбек, ки русиаш начандон хуб буд, тарҷумон надоданд. Вале аз ҳама даҳшатбор шеваи пурсуҷӯи ин мардикори бечора дар шуъбаи пулис буд. Ӯро баъди ин бозпурсиҳо ба бемористон бурданд. Вале ӯ тавонистааст азобу уқубаташро пинҳонӣ сабт кунад.

Александр ЛЁВОЧКИН, сардори шуъбаи тафтишоти шаҳри Алдан:

Рӯзи 22 январ мо бар асоси қисми сеюми моддаи 286 (берун рафтан аз ҳадди ваколат бо истифодаи зӯроварӣ бо истифода аз силоҳ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардем. Дар ҳуҷраи кории сардори шуъбаи ноҳиявии масоили муҳоҷират шаҳрванди хориҷӣ осеби ҷисмонӣ бардоштааст. Ҳамчун гумонбар корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ бозпурсӣ шуд.

— Сардори ОВМ Анастасия Корсун, ки ин осебҳо ба хориҷӣ дар ҳуҷраи кории ӯ расонда шуданд, дар парванда бо чӣ мақом мегузарад?

Ба рафтори ӯ низ ҳатман баҳо медиҳем. Ҳоло мо ташхиси фоноскопии сабти садоиро фармоиш додаем. Мо бояд ба воқеӣ будани сабт ва ба кӣ тааллуқ додани садоҳое, ки дар он шунида мешаванд, мутмаин шавем. Дар он сурат дар парванда гумонбарон ва айбдоршавандагони дигар пайдо хоҳанд шуд.

— Александр Александрович, Маматкуловро ба таври ҳайратангез бошитоб ба ватанаш ихроҷ карданд. Ин монеи тафтиш намешавад?

— Мо тавонистам тамоми ҳаракатҳои тафтишотии лозимро бо вай анҷом диҳем ва дигар муҳим нест, ки ҷабрдида инҷост ё на.

— Шумо рӯирост мегӯед, ки шаҳрванди хориҷӣ дар ҳуҷраи кории сардори ОВМ ҷароҳат бардоштааст

Агар шубҳа медоштем, парвандаро оғоз намекардем.

Светлана КУПНЕВИЧ, директори ширкати ООО «Промвентиляция», ки Ҳакимбек Маматқулов дар ҳаминҷо кор мекард, ҳодисаро чунин қисса мекунад:

— 17 январ, рӯзона Ҳаким ба идора омад ва гуфт, ӯро кормандони пулс мебаранд ва вай дар басти шабона ба кор баромада наметавонад. Ӯ ҳанӯз гапашро тамом нокарда, ду корманди ДПС омада, вайро бурданд. Вақте мо санадҳоро нусхабардорӣ мекардем, ман ба Ҳаким фаҳмондам, ки телефонашро пинҳон кунад ва сабт кунад. Ӯ чунин кард. Аҷиб аст, ки ӯро кофтуков карданд, вале телефонашро наёфтанд.

— Маматқулов чӣ гуна ба бемористон афтод баъди омадан аз пулис?

Шоми ҳамон рӯз як табиби шинос хабар дод, ки Ҳакимро бо осори латтукӯб аз шуъбаи пулис бо «Ёрии таъҷилӣ” ба беморхона овардаанд. Мо рафтем ва Ҳаким ба ман телефонашро дод, ки гӯш кунам. То ин дам табиб мегуфт, ки сип-сиҳат аст. Ду афсари пулис низ мегуфтанд, ки «вақте пеши мо афтоданд, ҳама якбора мариз мешаванд…”

Вале вақте сабт сар шуд ва ҳама пур аз дашному таҳқир, вазъият ранги ҷиддӣ гирифт. Табиб санадҳои қаблан ба ман додааш дар бораи вазъи саломатии Ҳакимро пас гирифт ва баъди чанд дақиқа санадҳои нав овард. Ман намедонам, ки дар қаблиаш чӣ навишта буд, вале дар санади наваш навишта буд, ки ӯ набояд таҳти боздошт бошад, ба муоина ва табобат ниёз дорад. Танҳо баъди ин ба Ҳаким сӯзандору гузаронданд.

— Аҳволаш чӣ гуна буд дар бемористон?

Албатта, назар ба қабл аз рафтанаш ба пулис фарқ дошт. Азбаски ранги пӯсташ тира аст, варамҳо наменамуданд, вале дар чаккаи сараш варами калон аз латтукӯб дида мешуд. Хеле задаву кӯфта буд.

— Ӯ нақл кард, ки бо вай чӣ рух додааст?

Ӯ 8 сол боз дар Алдан зиндагӣ мекунад, чанд соли охир дар гармхонаи мо алавмон буд. Русияро як каме медонад ва мо ҳам одат карда будему ҳарфашро мефаҳмидем. Вале Ҳаким вақте ки мушавваш шавад, русиро фаромӯш мекунад. Дар бемористон ним русиву ним тоҷикӣ ҳарф мезад ва мо ҳатто тарҷумон даъват кардем. Ба гуфтаи Ҳаким, ӯро ба ФМС (номи қаблии ОВМ) бурданд. Дар онҷо сардори ОВМ Корсун ва ду марди дигар будаанд. Яке протокол пур мекарду дуюмӣ чанд бор ба сари вай зада, бо электрошокер азоб додааст. Сипас протокол тартиб додаанд, ки ӯ гӯё муқовимат нишон додааст ва ба шуъбаи пулис бурда, боздошт кардаанд. Дар пулис Ҳакимро даст нарасондаанд, кормандони пулис худашон баъди як муддати кӯтоҳ «Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кардаанд.

— Маматқуловро дар ФМС барои чӣ заданд?

Барои онки тарҷумон хостааст. Ба бадани вайэлектрошокермонда, гуфтаанд, ки ҳоло алифбои забони русиро ёдат медиҳем. Дар сабт шунида мешавад, ки чӣ гуна вайро беист дашном медиҳанд ва таҳқир мекунанд. Ҳаким аввал бо патент кор мекард, баъд ҳаққи муваққат барои иқомат гирифт ва моҳи октябр – ҳаққи иқомати доим. Ӯ барои расидан то инҷо роҳи дарозеро пушти сар гузошт. Вай расман кор мекард, мо тамоми андозҳои ӯро месупурдем. Зимнан ин пулис низ аз ҳамин андозҳои мо рӯз мебарад. Барои онҳо тоҷикон – мисли ғуломони беҳуқуқанд. Вале ман ақиб нахоҳам нишаст ва талаб мекунам, ки чунин афсарони пулисро аз кор биронанд ва зиндон кунанд!

Рӯзи 17 январ беморхона Ҳакимро боз ба пулис бурда, рӯзи дигар бо ҷурми муқовимат ба кормандони мақомот 15 рӯз ҳабси маъмурӣ карданд. Ӯ ба Додгоҳи олии Ёқутистон шикоят навишт ва ҳукмашро аз 15 рӯз то 7 рӯз пойин оварданд. Сардори пулиси Алдан Осадчий ва капитан Корсун, ҳамоне ки дар кабинеташ Ҳакимбек Маматқуловро азобу уқубат доданд, ба коҳиши ҳукми ин муҳоҷири тоҷик эътирози расмӣ ҳам навиштанд.

Рӯзи 24 январ Ҳакимбек Маматқулов 7 рӯзи ҳабсашро адо кард. Ӯро ба мошини пулис шинонда, бо шитоб ба Якутск бурданд. Ва алакай рӯзи 26 январ Ҳакимбек ба Тоҷикистон ихроҷ шуд, ки дигар даъво карда натавонад. Ин дар ҳолест ки бархе муҳоҷирон дар боздоштгоҳ то 6 моҳу 7 моҳ мунтазир мешинанд, ки кай ихроҷашон мекунанд?

Светлана Купневич мегӯяд, ҳангоми ихроҷ ба Ҳакимбек шиносномаи тоҷикиашро надоданд ва ба ин далел ӯ натавонист ҳаққи ваколат барои ҳимояти манфиатҳои ӯ дар додгоҳи Русияро сари вақт пур карда бифиристад.

Сардори ОВМ Анастасия Корсун аз шарҳи ин моҷаро худдорӣ кард. Иддаои ӯ дар бораи инки гӯё Маматқулов рӯзи 17 январ вайро дар ҷои кораш задааст, хеле машкук аст. Корсун рӯзи 18 январ дар мурофиае, ки Маматқуловро ба 15 рӯзи ҳабс маҳкум карданд, иштирок кард ва хеле солиму бардам ба назар мерасид. Ӯ танҳо баъди чанд рӯз беморхона рафт. Дар сабти кардаи Маматқулов низ ҳеҷ далеле ба ин ки муҳоҷири тоҷик сари сардори пулисро ба девор зада бошад, шунида намешавад.

Ҳанӯз маълум нест, ки сардори ОВМ шаҳрри Алдан дар ин парванда ҳамчун гумонбар хоҳад гузашт ё чӣ?, вале бародари ӯ – корманди бахши ҷустуҷӯи ҷиноӣ ҳамчун гумонбар алакай пурсуҷӯ шудааст. Агар ташхиси сабти садоӣ гуноҳи кормандони пулисро собит кунад, пас шуъбаи пулиси Алданро поккории ҷиддие дар пеш аст. Чунки вақте муҳоҷири беҳимоятро як корманди пулис мезад ва бо электрошокер азоб медод, дастикам ду афсари дигари пулис ин шиканҷаро тамошо мекарданд. Сардори ОВМ капитан Корсун бошад, ин «дарси тарбиявӣ”-ро, ки ба ақидаи кормандони пулис, бояд ба Ҳакимбек забони русиро ёд медод, бо шавқу шӯр ва бо дашномҳои обдор мухлисӣ мекард.

Манбаъ: Сергей СУМЧЕНКО, «Якутск Вечерний

Бознашр аз Ахбор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *