Русия: Тазоҳурот бар зидди муҳоҷирони ӯзбеку тоҷик

Пулис дар шаҳри Назран, пойтахти ҷумҳурии Ингушистони Русия тазоҳуроти зидди муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистону Узбекистонро пароканда кард. Тазоҳургарон даъво доштанд, ки муҳоҷирон ҷойҳои кориро мегиранд ва дар натиҷа аҳолии маҳаллӣ ҷои кор пайдо намекунад.

Нирӯҳои ОМОН рӯзи 26 июл тазоҳуроти эътирозӣ ба зидди муҳоҷирони корӣ дар шаҳри Назран, пойтахти ҷумҳурии Ингушистони Русияро пароканда карданд. 15 тан аз эътирозгарон боздошт ва ба ҷавобгарии маъмурӣ кашонда шудаанд.

Мардум баъди намози пешин дар минтақаи Аби-Гуви Назран ҷамъ шуд, вале ҳанӯз тазоҳуроти беиҷозат оғоз наёфта, нирӯҳои пулис ҳозир шуданд ва мардумро пароканда карданд.

Мақомоти Ингушистон мегӯянд, ташкилкунандагони ин тазоҳурот дар хориҷ аз ҷумҳурӣ қарор дошта, тавассути шабакаҳои интернетӣ мардумро ба эътироз даъват мекарданд. Шумори ташкилкунандагони тазоҳурот то 60 нафар гуфта шуда, мақомоти ингуш мегӯянд, бо хешовандони онҳо «корҳои профилактикӣ”-ро ба роҳ мондаанд.

Шӯрои амнияти Ингушистон бо нашри як изҳороти вижа гуфт, бархе гурӯҳҳо аз хориҷ бо амалҳои иғвоангез мехоҳанд Ингушистонро беобрӯ кунанд: «Бархе масъулони тазоҳуротро пулис бозпурсӣ кард. Онҳо бо шарм чашмонашонро гурезонда, бо як садои паст изҳор доштанд, ки ба онҳо маъқул нест, ки тоҷикҳо ва узбекҳо гӯё ҷойҳои кории онҳоро мегиранд. Вале ба ин суол, ки чаро худашон ба саҳро ё ба сохтмон ваё корҳои дигаре, ки зодагони Осиёи Марказӣ анҷом медиҳанд, ба кор намераванд?, онҳо гуфтанд, ки барои рафтан ба чунин кор тайёр нестанд, чунки дар ин ҷойҳо кор зиёд асту пулаш – кам.”

Шӯрои амнияти Ингушистон дар изҳороташ бо киноя афзудааст, ки аҳолии маҳаллӣ кори сиёҳро намепазирад, балки ҳама мехоҳанд раис, тоҷир ё мансабдор бошанд. Шӯрои амният онҳоеро, ки ба ташвиқот дар шабакаҳои интернетии WhatsApp ва Instagram дода шуда, ба тазоҳуроти зидди тоҷикҳову узбекҳо баромаданд, «гӯсфандони раҳгумкарда” номида, аз мардуми ингуш даъват кардааст, ки худро ва ҷумҳурии худро беобрӯ накунанд: «Ингушҳо! Барои чӣ мо худро паст мезанем ва дар чашми нафақат мардуми Русия, балки дар пеши Тоҷикистон ва Узбекистон низ беобрӯ мекунем? Ин ҳама бӯи моддаҳои 282 ва 282.1-и Кодекси ҷиноятиро мекунад. Ҳоло ки дер нашудааст, ба худ биоед!”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *