Русия то соли нав муҳоҷиронро депорт намекунад
Президенти Русия Владимир Путин сабукиҳои карантиниро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрвандӣ дар Русия то 15 декабр тамдид кард.
Ҳуҷҷати зерин дар портали ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Мутобиқи фармони роҳбари Федератсияи Русия, мӯҳлати будубоши муваққатӣ ё доимии хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Федератсияи Русия ва мӯҳлати сабти номашон дар маҳалли будубош то 15 декабр тамдид карда мешавад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки то миёнаҳои моҳи декабр аз Русия муҳоҷирон депорт кард намешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ