Русия: Тоторҳо аз имоматии тоҷикон нороҳатанд
Дар 17 дарсади масҷидҳои Русия тоҷикон имом-хатиб интихоб шуда, аксари намозгузорон низ муҳоҷирони кории тоҷик будаанд. Аммо аз пешсаф шудани тоҷикон дар масоҷид намозгузорони тотор хушҳол нестанд. Тоторҳо бар ин боваранд, ки мусалмонҳои Осиёи Миёна мехоҳанд, “исломи худ” ва боварҳои худро бар дӯши онҳо бор кунанд.
Як пажӯҳиши Маркази Корнеги дар Маскав мегӯяд, ки солҳои охир ҳудудан имоматии 17 дарсади масҷидҳои Русияро рӯҳониёни тоҷик соҳиб шудаанд. Алексей Малашенко таҳлилгари масоили дину мазҳаб, ки ин пажӯҳишро якҷоя бо кормандони Марказ анҷом додааст, рӯзи 31-уми июл гуфт, “дар минтақаи Поволже ва Урал раванди, ба истилоҳ, тоҷикишавии масҷидҳо дар ҷараён аст.”
Ӯ гуфт, ин ҳолат аҳолии мусулмони маҳаллӣ, махсусан тоторҳоро нороҳат кардааст. “То ҳадде ки онҳо аз намозгузорӣ дар масоҷиде, ки хатибаш тоҷик аст, худдорӣ мекунанд”, — афзуд Малашенко.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ