Русия вуруди сарвазири Бритониёро ба сарзаминаш манъ кард

 Русия вуруди нахуствазири Бритониё Борис Ҷонсон ва вазири хориҷаи Бритониё Элизабет Трасс ва вазири дифоъ Бен Уоллесро ба кишвар мамнуъ кард.

Вазири хориҷаи Бритониё Элизабет Трасс

Дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар додааст. Ба иттилои департаменти дипломатӣ, дар робита ба амалҳои бесобиқаи душманонаи ҳукумати Бритониё, ки дар ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи мақомоти баландпояи Русия ифода ёфтааст, қарори дахлдор қабул шудааст.

Вазири дифоъ Бен Уоллес

 Илова бар ин, дар рӯйхат исми муовини сарвазир, вазири адлия Доминик Рааб, вазири молия Риши Сунак ва вазири корҳои дохилӣ Прити Пател шомил шудаанд. Қаблан вазорати хориҷаи Бритониё алайҳи Русия таҳримҳои изофӣ ҷорӣ карда буд.

Дар феҳрасти афрод, эндокринолог, ходими пешбари илмии Маркази миллии эндокринологияи Вазорати тандурустӣ Мария Воронтсова, муовини директори Пажӯҳишгоҳи математикии системаҳои мураккаби Донишгоҳи давлатии Маскав Катерина Тихонова ва духтари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров Екатерина Винокурова шомиланд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *