Русия: Занозании тоҷикону ӯзбекон, як куштаву ду захмӣ баҷо гузошт

Субҳи 6 август дар натиҷаи занозании гурӯҳӣ байни ҷавонони тоҷику узбек дар як клуби шабона дар Маскав як ҷавони 33-сола аз зарби корд ба ҳалокат расида, ду нафари дигарро бо ҷароҳатҳои сангин ба бемористон интиқол додаанд. 4 ҳамлагар дастгир шудаанд.

Нашрияи «Комсомолская правда” хабар дод, ки субҳи барвақти 6 август, соати тақрибан панҷуним дар як клуби шабона дар хиёбони генерал Алексееви минтақаи Зеленоград байни зодагони Тоҷикистону Узбекистон тирпарронӣ ва кордкашӣ шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, 4 нафар субҳи барвақт ба ин клуби шабона омада, дар назди даромадгоҳ аз туфангча ба тарафи тирезаҳои клуб тир холӣ мекунанд ва дари шишагии клубро ҳам мешикананд. Сипас онҳо вориди толор шуда, ба се ҷавоне, ки дар он лаҳза алакай мехостанд тарки клуб кунанд, бо корд ҳамла меоранд. Баъди аз пой дарафтодани ин се ҷавон ҳамлагарон ба мошини худ нишаста, ғайб мезананд.

Дар дафтари матбуоти Росгвардияи шаҳри Маскав ба хабарнигори «Комсомолская правда” дар шарҳи ин ҳодиса гуфтаанд: «Вақте патрули мо ба ҷои ҳодиса расид, дар толор се ҷавон алакай рӯи фарш ғарқи хун хобида буданд. Шоҳидон гуфтанд, ки онҳое ки занозаниро сар карданд, дар як мошини «Опел” фирор кардаанд.”

Аломатҳои мошинро зуд ба посгоҳҳои пулис хабар додаанд ва алакай баъди чанд дақиқа чунин як мошинро дар наздикии он клуби шабона манъ кардаанд. Дар даруни мошин, ба гуфтаи дафтари матбуоти Росгвардия, 4 нафар менишаст. Ҳамаи онҳо бо худ корд доштаанд.

Дар толори клуби шабона ҳамчунин як электрошокер ва як туфангчае, ки ҳамлагарон ҳангоми фирор партофта буданд, ёфт шудааст.

Аз се ҷавоне, ки ҳадафи ҳамла қарор гирифтанд, як марди 33-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, ду шарики вай – ҷавонони 27 ва 23-соларо бо захмҳои сангини корд ба бемористон бурдаанд.

Манбаи «Комсомолская правда” дар мақомоти интизомӣ гуфтааст, ки ҳамаи 7 нафари дахил дар ин занозанӣ – ҳамлагарон ва ҷавонони кордхӯрда – аз Тоҷикистону Узбекистон будаанд. Ин манбаъ нагуфтааст, ки тоҷикҳо ба узбекҳо ҳамла кардаанд ваё баракс, вале ба гуфтаи вай, ҳамлагарон барқасдона ба ин се ҷавон ҳамла кардаанд.

Ин манбаъ  гуфтааст: «Ғолибан байни онҳо чӣ гапе гузашта буд, ки онҳо барои тасфияи ҳисоб (разбор) омада буданд. Ва тамоми тирҳои пистолетро алакай дар кӯча, дар даромадгоҳи клуб холӣ карданд. Ба тарафи тирезаҳо тир парронданд, дари шишагиро шикастанд. Бо се рақиби худ онҳо дар роҳрав рӯбарӯ шуданд. Зоҳиран ин се ҷавон алакай хона мерафтанд.”

Намояндагони клуб гуфтаанд, ки хушбахтона, дар он субҳи барвақт клуб алакай тақрибан холӣ шуда буд, вагарна шумораи қурбониён метавонист хеле бештар шавад.

Зеленоград дар шимолуғарби шаҳри Маскав ҷойгир шуда, тоза дар соли 2012 ба ҳудуди пойтахти Русия ҳамроҳ карда шуд. Ҳавзаи Зеленоград, ки дар наздикии шоҳроҳи Ленинград воқеъ аст, бо клубҳои шабонааш маъруф мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *