Русия зарбаҳои ИМА алайҳи «ал-Қоида»-ро дар Сурия маҳкум кард

Неруҳои ИМА рӯзи шанбе дар шимоли Сурия иншоотҳоеро мавриди ҳадаф қарор доданд, ки ба гуруҳи террористии «ал-Қоида» марбут буданд.

Дар изҳороти Фармондеҳии марказии Неруҳои мусаллаҳи ИМА омадааст, ки ҳадафи ҳамлаҳо раҳбари «ал-Қоида» дар Сурия буд. Аммо дар изҳорот гуфта нашудааст, ки ҳамлаҳо бо мушак ё бомб анҷом шуданд.

Маркази таҳлили ҳуқуқи инсон дар Сурия гуфт, дар натиҷаи ҳамлаи мазкур 40 нафар, аз ҷумла раҳбарони гуруҳҳои марбут ба «ал-Қоида» кушта шуданд. Ба эҳтимоли зиёд, сухан аз ҷумла, аз гуруҳи «Ҳаёт Таҳрир аш-Шом» меравад, ки қисми бузурги вилояти Идлиби Сурияро дар ихтиёр дорад. Неруҳои ИМА ба шимоли Идлиб ҳамла карданд.

Вазорати дифои Русия ҳамлаи ИМА ба Идлибро маҳкум кард. Дар изҳороти вазорат омадааст, «дар минтақаи аҳолинишине, ки мавриди зарбаҳои ИМА қарор гирифтанд, хонаҳои зиёд харобу одамон кушта шуданд» ва ин ҳамла бидуни огоҳии Русия ва Туркия анҷом сурат гирифт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *