Русия зидди манъи силоҳи атомӣ

Русия иҷоза надод, ки тарҳи ниҳоии Аҳдномаи Байналмилалии Манъи Густариши Силоҳҳои Атомӣ қабул шавад, ки баррасии тарҳи он дар Созмони Милал як моҳ идома дошт. Дипломатҳои Русия гуфтанд, ки тарҳ моҳияти ошкори сиёсӣ дорад ва барои ҳамин мухолифи қабули он ҳастанд.

Густаво Злаувинен, раиси конфронсе, ки тарҳ дар он баррасӣ мешуд, гуфт, ба сабаби он ки “Русия дар матни аҳднома мушкилот пайдо кард” конфронс дар мавқеъе нест, ки ба созиш даст ёбад. Дар тарҳ ишғоли нерӯгоҳи атомии Запорожйе дар Украина, ки ҳоло дар назорати неруҳои Русия аст, танқид шудааст.

Русия баъди ду ҳафтаи ҳамла ба Украина дар моҳи феврал нерӯгоҳро таҳти назорат гирифт ва ин амал мояи нигаронии ҷомеаи байналмилалӣ дар бораи эҳтимоли фалокати атомӣ шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *