Руссия бар алайҳи мухолифати Украина роҳбари ИДМ шуд

Сар аз 1 январи соли 2017 роҳбарии Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) ба ихтиёри Русия мегузарад. Ин тасмим дар ҷаласаи роҳбарони кишварҳои узви ИДМ, ки 16-17 сентябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон доир шуд, қабул гардид.

Сафири Украина дар Қирғизистон Николай Дорошенко гуфт, ки кишвараш ба раисии Русия розӣ нест, зеро ин кишвар қисме аз ҳудуди Украинаро ғасб ва дар қисми дигараш низоъро доман задааст.

Дорошенко ҳамчунин гуфт, ки Украина аз шумориши аҳолии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 истиқбол мекунад. Вале дар сурате, ки агар Русия аҳолии Қримро ба ҳисоби худ бигирад, Украина натиҷаи шуморишро эътироф нахоҳад кард.

Дар посух ба сафир Владимир Путин, президенти Русия гуфт, кишвараш қисме аз ҳудуди Украинаро ғасб накардааст. «Қрим дар натиҷаи раъйдиҳии сокинонаш ба Русия пайвастааст», — афзуд Путин.

Путин ҳамчунин афзуд, Украина оинномаи ИДМ-ро қабул накардааст, «ва аз ҳамин хотир наметавонад, ки роҷеъ ба фаъолияти ин созмон пешниҳоде дошта бошад».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *