Рустам Азимӣ. Ҳунарманде, ки бо як кӯшиш муваффақ гардид

Сурудҳои “Ёд кардам” , “Аҷаб тозаӣ”, “Панҷара”, “Шаҳло”, “Аҷаб ширинӣ”, “Нигора”, “Марям”, “Пушаймонам” ва ғайраҳо аз “ХИТ”-ҳои Рустам Азимӣ маҳсуб ёфта, садҳо ҳазор шунаванда доранд.

Ҳунарманди маҳбуби кишвар Рустам Азимӣ бо таронаҳои самимию ошиқонааш ба дили ҳазорҳо нафар роҳ ёфтааст ва малҳами садҳо дили шикаставу ранҷур гаштааст. Дар ҳоли ҳозир 134 ҳазор нафар дар Инстаграм ва зиёда аз 46 ҳазор кас дар Ютуб ин ҳунарманди соҳибистеъдодро пайгирӣ карда, маҳсули эҷодашро пайваста интизорӣ мекашанду гӯш мекунанд.

Рустам Азимӣ ҳоло ба маънои томаш ҳунарманди маҳбуби кишвар аст. Ҳамчун ҳунарманд эътироф шудааст ва мухлисони бешумор дорад. Аммо пеш аз машҳур шудан ва то ин дараҷа расидан роҳи осонеро тай накардааст. Ӯ азобҳои муҳоҷиратро дида, баъди солҳои зиёди муҳоҷирӣ баъд ба саҳнаҳои калон баромадааст.

Чуноне ки дар барномаи “Ногуфтаҳо” гуфта буд: “Пас аз хатми коллеҷи санъат соли 2008 аз сабаби вазъи оилавӣ ва дастгири падар будан, ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Россия рафтам. Дар аввал ҳамчун ёрдамчии усто дар сохтмоне кор мекардам ва бисёр азоб мекашидам. Дарун – дарун месӯхтам, мегиристам, аммо дигар роҳи баргашт надоштам. Намехостам бачаи беҷуръат ва ноуҳдабаро бошам. Сабр кардам, кор кардам ва ба по хестам. Аслан, сабаби ин қадар сарду нохуб қабул кардани муҳоҷират он буд, ки ман тамоман онҷоро дигар хел тасаввур мекардам. Фикр мекардам, меравам ва бо иҷрои корҳои осон пули хуб ба даст меорам ва ёрирасони аҳли оила мешавам, аммо ин тавр набуд”.

Хуллас, Рустам Азимӣ соли 2016 ба Ватан баргашт ва ният кард, ки як бор худашро дар санъат бисанҷад. Бо ҳамин як бор кӯшиш кардан бисёр муваффақ шуд. Бо як қадам ба мақсадаш мерасад, мардум ҳунарашро хеле хуб қабул карданд.

Ҳамин тавр, ҳоло пайваста барои шунавандагонаш сурудҳои дилнишин пешниҳод карда истодааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *