Рустам Азимӣ: Барои ошиқӣ вақт надоштам

Рустам Азимӣ яке аз сарояндаҳои ҷавону хушовози кишвар аст, ки бо сурудҳои дилнишини худ ба дили мухлисон роҳ ёфтааст. Ин ҳунарманди ҷавону боистеъдод 18-уми октябри соли 1989 дар деҳаи Некноти шаҳри Панҷакент ба дунё омадааст. Аз даврони кӯдакӣ дар дилаш завқи сароянда шудан ҷӯш зада, соли 2014 таронаи аввалини худро бо номи “Бишнав садои маро” сароидааст, ки аз ҷониби тамошобин хело хуш пазируфта шудааст. Азбаски Рустам Азимӣ бештар аз меҳру муҳаббат, бевафоӣ ва хиёнат месарояд, бо дархости сершумори мухлисон бо ин ҳунарманд суҳбате анҷом додем, ки фишурдаи онро манзури шумо мегардонем.

— Сароянда шудан орзуи кӯдакиатон буд ё аз сари ҳавою ҳавас қадам ба ин ҷода ниҳодед?

— Ҳангоми мактабхонӣ дар маҳфилҳои мактабӣ ширкат варзида, суруд мехондам. Устоди аввалинам падарам буданд. Ҳар гоҳе он кас тор ба даст мегирифтанду менавохтанд, меҳри сароянда шудан дар қалбам шуълавар мегардид.

— Рост аст, ки замони наврасӣ шармгин будед?

— Ҳоло ҳам лаҳзаҳое мешавад, ки шарм фароям мегирад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ худро ҷиддӣ нишон намедиҳам. Хоксорӣ беҳтарин хислати инсонист.

— Шунидем, ки фаъолияти аввалинро аз театр оғоз кардаед. Магар бароятон душвор набуд?

— Ягон кори дунё бе душворӣ намешавад, аммо ҳеҷ гоҳ ин мушкилиҳо маро ноумед намекарданд. Боре аз назди театри “Пушкин”-и шаҳри Бӯстон мегузаштаму чашмам ба афишае афтод, ки дар он ҷо гузошта шуда буд. Онро хонда, ба театр даромадам, маро хуш пазируфтанд ва аз соли 2012 муддати се сол дар он ҷо фаъолият кардам. Аз театр бароям хотироти нек боқӣ мондааст. Дар оянда ният дорам дар нақшҳои бузурги театрӣ фаъолият намоям.

— Оғози фаъолиятатон дар ҷодаи овозхонӣ чӣ гуна буд?

— Оғоз албатта душвор буд. Ҳар як кор дар ибтидо душвориҳо дорад, аҳли гуруҳи мо ҳамеша дар талош ҳастем ва кам ҳам бошад, имрӯз ба ҳадаф расида истодаем, шукр!

— Агар шуморо сарояндаи тӯйгард гӯянд, чӣ гуна қабул мекунед?

— Фикр мекунам, ки ҳар як сароянда бояд аз уҳдаи гузаронидану сароидани сурудҳои тӯёна барояд. Ман низ аз ин ҷумла ҳастам. Ба ғайр аз гузаронидани тӯйҳо, мо барномаҳои рангини консертӣ баргузор намудаем. Тӯй як қисмати кори мост.

— Бештари мавзӯи сурудҳоятон ишқу ошиқӣ аст. Агар махфӣ набошад, аз замони ошиқиҳоятон мегуфтед?

— Мо вақти ошиқӣ надоштем, аз кӯдакӣ меҳнат карда, то имрӯз аз пайи кору эҷод ҳастам.

— Дар бораи зиндагии оилавиатон чӣ гуфта метавонед?

— Оиладор, шукр, соҳиби ду шоҳписар ва ду шоҳдухтар ҳастам.

— Дар зиндагиатон лаҳзае буд, ки мехоҳед дубора такрор шавад?

— Соли 2017 бо аҳли гуруҳамон маслиҳат кардем, ки консерт барпо мекунем. Он замон фикр мекардам, ки моро чандон нашиносанд, аммо вақте консертро оғоз кардем, толор пур буд ва мухлисон боробари ман сурудҳоямро месароиданд. Ин лаҳзаҳои бениҳоят хотирмон ҳастанд.

— Консерти охиронатон то кадом андоза шуморо қонеъ гардонид?

— Консерти охирон дар сатҳи баланд баргузор шуд, 4 рӯз пайи ҳам толори Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд пур аз мухлисон буд.

— Ҳар рӯз дар бораи санъаткорон овозаву гапҳои зиёд паҳн мешавад, аммо то ба имрӯз дар бораи шумо ягон сухани ноҷо нашунидаем. Сабаб дар чӣ бошад?

— Аз туҳмати ногаҳон Худо нигаҳ дорад!

Суҳбаторо: Суман УБАЙДУЛЛОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *