Бемори сил: Духтурони рус гуфтанд: Табобати  сил дар Тоҷикистон хубтар аст

Рустам Иномов (ном шартӣ аст) яке аз  беморони сил аз шаҳри Конибодоми вилояти Суғд  аст, ки замони дар муҳоҷирати меҳнатӣ будан гирифтори ин беморӣ  шудааст. Номбурда соҳиби се фарзанд аст ва ягона манбаи даромад барояш муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад. Ӯ беш аз 10 сол аст, ки ба муҳоҷират меравад ва аз ҳамин ҳисоб зиндагияшро пеш мебарад.   Номбурда беморшавияшро чунин нақл кард: 

-Аз соли 2005 боз ба шаҳри Екатеренбурги  Федератсияи Русия ба муҳоҷирати меҳнатӣ меравам.   Моҳҳои июн-июли  соли 2016 вақте ба он ҷо рафтам дар дохили як вагон 11 нафар зиндагӣ мекардем. Зимистон нисбат ба дигар фаслҳои сол мушкилу ба саломатӣ хатарнок буд он ҷо будан, зеро  дар ҷои будубоши мо, ки гоҳо шаб то саҳар аз сардӣ бедор будем  косаи об каб-кабуд ях мебаст. Илова бар ин як ҳамхонаамон сулфаи дурудароз дошту ҳама дар як ҷо мехобидем. Мо ки сулфаи дурудароз нишонаи бемории сил буданашро намедонистем фикр кардем, ки аз сардии ҳаво ин қадар сулфа мекарда  ё гриппи одӣ шуда бошад. Баъди тахмин як моҳ дар саломатиям муамморо ҳис карда аз ташхис гузаштам, ки ба бемории сил гирифтор шуда будаам. 

Духтурони силшиноси давлати Русия бемориямро сироятӣ, аммо табобатшаванда буданашро фаҳмонида гуфтанд:-Шумо ба бемории сил гирифтор шудаед. Табобат гирифтан ҳатмӣ аст, зеро ҳам атрофиён ва ҳам аҳли оилаи худро низ метовонед сироят кунед. Ман, ки падари се фарзанд ҳастам баробари ба ватан баргаштан ба табобат оғоз карда, то фарзандонам ва дигар аҳли оилаву атрофиёнам сироят наёбанд.

                                                                                              Садои бемор

                  Сатҳи баланди огоҳӣ омили асосии бехатарӣ аз беморӣ

  Айни ҳол  ба монанди Иномов дар шаҳри Конибодом  35 нафар  беморони сили ҳассос ва 14 нафар беморони ШМС табобати амбулаториро зери назорати  муассисаҳои тиббӣ  гирифта истодаанд. Ба гуфти менеҷери КАТС-и шаҳри Конибодом, Ёқубов Аҳмадхӯҷа, ба таҳлилгоҳ фиристодани беморон дар соли 2017 нисбат ба соли 2016  17, 0% зиёд ба қайд гирифта шудааст:

Ёқубов Аҳмадхӯҷа

-Мо доим ҳамкории зич бо коркунони муассисаҳои шабакаи КАТС, МТТЗС, маркази ВНМО дорем, ки барои дарёфти бемории сил ва гузаронидани табобати амбулатории беморони сил ва беморони ШМС мусоидат мекунад. 85%-и ба бемории сил шубҳанок аз тарафи коркунони КАТС барои ташхис фиристода мешавад. Бо мақсади ташхис соли 2017 1609 (1349) нафар беморон ба таҳлилгоҳ фиристода шудааст, ки нисбати соли 2016 17,0% зиёд мебошад ва 24 нафар бемории хориҷкунандаи сил дарёфт карда шуд-гуфт  менеҷери КАТС-и  ш. Конибодом, Аҳмадхӯҷа Ёқубов.  

                                             Коэффисиенти фавтнокӣ 7 ба 100 000  аҳолӣ

Коэффисиенти дарёфти ҳодисаҳои нави бемории сили хориҷкунандаи бо МБС дар ноҳия 50,8% ташкил медиҳад. Бояд бо таҳлили микроскопии балғам зиёда аз 70% сили шуш муайян гардад. Коэффисиенти табобати бомуваффақияти ҳодисаҳои нави беморӣ  МБС  дар ноҳия 87,0% дар меъёр 85%.   Коэффисиенти ҳодисаҳои нави сили шуши МБС+ 50,0% дар ноҳия 50,8 % .  Коэффисиенти паҳншавии бемории сил на кам аз  200 ба 100 000 аҳолӣ, дар ноҳия 140,3.  Коэффисиенти фавтнокӣ 7 ба 100 000  аҳолӣ,  дар ноҳия 1,4 ба  100 000 аҳолӣ-гуфт роҳбари КАТС-и ноҳияи Спитамен Ихтиёр Сайидов. 

фавтнокӣ ба 100000 аҳолӣ

 

  Узоқова:Баланд бардоштани  сатҳи огаҳии аҳолӣ вазифаи асосии мост

Баланд бардоштани  сатҳи огаҳии аҳолӣ ва ба роҳ  мондани  ҳамкории зич байни КАТС, МТТҲС, муассисаҳои зиддисилӣ ва ҷомеа,  таъмини кӯмаки зарурии зиддисилӣ ба гурӯҳҳои хавфи зиёддошта: маҳбусон, шахсони ВНМО- дошта яке аз вазифаҳои асосии мо аст.  Инчунин тақвият додани мубориза бо эпидемияи б/с бо иштироки ҷамоатҳо, коммуникатсия, сафарбаркунии иҷтимоӣ, ҷалби созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва гурӯҳҳое, ки аз беморӣ азият кашида истодаанд самтҳои асосии кори мо аст, ки  бояд аз  фароҳамии шароит истифода бурда, беҳтару бештар кор кунем.

Узоқова

                       Ду нафар аз дарди кӯҳна фавтиданд

Соли 2016 аз тарафи аъзоёни КМТ 758 вохӯрӣ гузаронида шуд, ки беш аз  13710 нафар сокинони шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Дар натиҷаи вохӯриҳо ва корҳои тарғиботӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сил ва фаҳмонидани табобатшаванда будани ин намуди беморӣ  ба КАТС 95 нафар фиристода шуданд, ки  аз ташхис гузаштанд 64 нафарашон гузаштанд. Дар байни  онҳо  12 нафар бемор (7 зан ва  мард) дарёфт гардид, ки аз сабаби беэътибории беморон нисбат ба саломатии худ, ки дард дар бадани онҳо кӯҳна шуда тамоми узвҳои дохилияшон бекор шуда буд 2 нафар фавтиданд.  

                                 

 

 

Саҳми имомхатибони масҷидҳо дар пешгирии бемории сил 

Имомхатиб

-Баъзе аз беморон, ки хатари микробхориҷкунӣ ва сироят кунонидани атрофиёнро доранд, на бо хоҳиши худ ба табобат ҷалб мешаванду не бо тавсияи духтурон ва на ба маҷбурияти аъзоёни оила. Қисме аз чунин нафарон ба сухани имому домулло эътимоди зиёд доранд. Аз ин рӯ дар такяи ба ин боварияшон мо аввалан оид ба саломатӣ сухан мекунем ва мегӯем: Ҳатто Худо одами тани солим ва ақли солимдоштаро дӯст дорад. Касе дидаю дониста ҷони худро дар азоб мемонад ва боиси рау машаққоти дигарҳо мешавад дар пеши худо гунаҳгор аст…- Ҳидоятов Нурулло, имомхатиби масҷид.

                               

 

КМТ-и ноҳия дар як моҳ ду бор воҳӯрӣ мегузаронад

КМТ-и ноҳияи Спитамен ҳар моҳ ду маротиба  воҳӯриҳо гузаронида мешавад. Саҳм ва нақши мо аз:

-Паст намудани сатҳи паҳншавии бемории сил

-Доштани нақшаи корӣ

-Омода ва пешниҳод намудани ҳисобот

-Сафарбаркунии аҳоли ва дарёфти бемории сил

-Ҳамкории зич доштан бо кормандони тиб

-Маълумоти пурра доштан оиди бемории сил

-Нигоҳ доштан сирру асрори вобаста ба беморони сил

-Дастгирӣ ва назоратӣ беморони сил

-Иштироки фаъолона дар баланд бардоштани огоҳии мардум оид ба бемории сил.

-Дастгирии оилаҳои бемории сил

-Мусоидат намудан дар паст намудани сатҳи доғгузорӣ нисбат ба беморони гирифтори сил-  мебошад гуфт муовини аввали сарвари КАТС-и ноҳияи Спитамен Дилшод Исобоев. 

Дилшод Исобоев

                         Натиҷаи кори аъзоёни КМТ барои соли 2017

  1. Воҳӯриҳо — 878 — 3.2
  2. Шумораи иштирокчиён – 7503 – 8.5
  3. Бо нишонаҳои сил ба КАТС фиристонда шудаанд — 273 – 3.6%
  4. Ташхиси бемории сил тасдиқ гашт – 13
  5. Шумораи ташрифҳо назди беморони сил – 21
Беморхонаи зиддисилии н. Спитамен

                           

Бақайдгирии беморони сил дар ноҳияи Спитамен:

 

                                  Бо беморон ҳар гуна мавзӯъҳоро муҳокима мекунам

Дар ноҳия 34 нафар беморони сил табобати амбулаториро зери назорати  муассисаҳои тиббӣ  мегиранд, 9 нафаро шакли мутобиқгаштаи сил  ташкил медиҳад. Мо бо ташкилотҳои ғайридавлатии  лоиҳаи «Хоуп» ,«Юсаид», ҳамкорӣ дорем. Аз тарафи МИҲД –и ноҳия ба 12 нафар беморон аз кӯмаки унвони иҷтимоӣ бархӯрдор мебошанд.  Беморони сил аз тарафи духтурони силшинос ва табибони  оилавӣ  омӯзонида мешавад.

 

Дар ҳар марҳилаи табобат  ҳар гуна мавзуҳоро муҳокима мекунем. Масалан:

-Дар оғози бемори оиди роҳҳои гузариш, аломатҳои беморӣ, табобат ва таъсироти доруҳои зиддисилӣ, супоридани таҳлили балғами назоратӣ ва ба ин монанд масълаҳо  сӯҳбат мегузаронем. Инчунин маводҳои иттилоотӣ тақсим мекунем. Илова бар ин баъди ба охир расидани давраи шиддатнок барои давом додани табобат  ва ба охир расонидани он сӯҳбат гузаронида мешавад, гуфт-Ихтиёр Сайидов, роҳбари КАТС-и ноҳияи Спитамен. 

Сайидов Ихтиёр

Ин мавод оид ба вазъи бемории сил, саҳми аъзоёни кумитаи маҳалла дар пешгирии беморӣ ва доғгузорӣ  дар ду шаҳру ноҳияи вилоят Суғд: шаҳри Конибодом ва ноҳияи Спитамен омода шудааст.  Дар нашрҳои баъдӣ вазъи бемории силро дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят таҳлил ва пешкаши хонандагони сомонаи https://tajikistantimes.com/ менамоем.

                                                     

Инфографикаи  сил дар ноҳияи Спитамен

https://infogram.com/baajdgirii-bemoroni-sil-dar-noiyai-spitamen-1hmr6gy87w0q6nl

 

                                                                                                                                                        Фарзона Муродӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *