Рустам Латифзода боз раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд
Дар шаҳри Душанбе Анҷумани IX Ҳизби аграрии Тоҷикистон баргузор гардид.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, дар кори анҷуман вакилон аз кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии ҳизб иштирок намуданд.
Дар анҷумани ҳизб, аз ҷумла масъалаҳо вобаста ба фаъолияти ҳизб, иштироки Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вакилони халқи вилоят, шаҳру ноҳияҳо, интихоби Раис ва ҳайати Кумитаи марказии Ҳизби аграрии Тоҷикистон, пешбарии номзадҳо ба вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ ва барномаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа бо ҷонибдории вакилони Анҷуман Рустам Латифзода бори дигар Раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон интихоб шуд.
Вакилони анҷуман баъди баррасии масъалаи пешбарии номзадҳо ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии 13 аъзои фаъоли ҳизб ба вакилӣ дар интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ