Рустам Назаров: “Дигар ба адолат боварӣ надорам”
Рустам Назаров, падари кӯдаки фавтида, имрӯз низ мисли панҷ соли пеш дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Санкт-Петербург аст.
Рустам сарнавишти аҷибе дорад: ин шаҳр ӯро 15 сол қабл аз бародари калониаш маҳрум кард, ки ба гуфтаи пайвандонаш, дар кӯча бо зарби корд кушта шудааст. 5 сол пеш ӯ писари ягонаи худ Умаралиро дар ин ҷо аз даст дод ва бо Зарина, пас аз он фоҷиаи мудҳиш то ҳанӯз натавонистанд соҳиби фарзанд шаванд. Тобистони имсол дар Санкт-Петербург бародари хурдиаш Абдусалом дар дарё ғарқ шуд. Абдусалом 25-сола буд, тирамоҳ онҳо ӯро зан доданӣ буданд.
“То даргузашти додарам Заррина дар Русия бо ман буд. Он вақт мо ҳама дар карантин будем, бинобар ин ман ӯро бо ҳавопаймо ба ватан фиристодам, то тобутро бо ҷасади Абдусалом ҳамроҳӣ кунад ”, – гуфт Рустам.
Заррина мудати панҷ сол иҷозаи ба Русия сафар карданро надошт ва пас аз бекор шудани маҳдудият, дубора маҷбур шуд ба ватан баргардад. Ба гуфтаи Рустам Назаров, дар тӯли панҷ сол онҳо натавонистанд фарзанддор шаванд, гарчанде, ки ӯ ба Тоҷикистон омада буд ва Заррина низ ба назди ӯ рафта буд.
“Ҳоло ман дар Русия танҳоям, модарам ва ҳамсарам дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд”, – гуфт Рустам. Аммо, мутаассифона, ба мо муяссар нашуд, ки бо онҳо тамос гирем.
Дар мавриди парвандаи писари фавтидааш, Рустам мегӯяд, ки дигар ба адолат бовар надорад.
«Ман дигар ин қазияро пайгирӣ намекунам, нуқта гузоштам. Чанде пеш ман бо адвокат Олга Стейтлина ҳамсӯҳбат шудам, ки ӯ аз номи ман ба Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон шикоят кардааст. Хомӯшӣ ҳукмфармост. Бовар надорам, ки парвандаи моро каси дигаре пеш барад. Панҷ сол гузашт! Як сол не, ду не, се сол не. Дигар ба адолат бовар надорам ”, – бо алам гуфт ҳамсӯҳбатамон.
“Темаро куштанд” .
Ба ақидаи ӯ, ҳама корҳое, ки расонаҳо, ҳомиёни ҳуқуқ, фаъолони шаҳрвандӣ ва ҳатто сиёсатмадорон дар тӯли ин солҳо карданд, худнамоии одӣ буд: онҳо аз фоҷиаи оилаи ӯ истифода бурда, аз минбари баланд ҳарф мезаданд, аммо дар асл, вақте ҳама чиз ором шуд, онҳо ин қазияро фаромӯш карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ