Рустам Шарипов: Метадон на қочоқ, балки барои табобат буд

Рустам Шарипов, муовини Хадамоти наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон мегӯяд, ки маводи метадони дар фурудгоҳи Вунукови Маскав боздоштшуда на қочоқ, балки кӯмаки СММ барои мубориза ба бемории СПИД ва табобати гирифторони бемориҳои нашъамандӣ пешбинӣ шудааст.

Бояд гуфт, ки аввалҳои моҳи декабр дар фурудгоҳи Вунукови шаҳри Маскав аз ҷониби кормандони мақомоти қудратии Русия интиқоли маводи Метадон дар ҳаҷми ниҳоят калон ба Тоҷикистон пешгирӣ карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуотии гумруки Русия ин бор аввалҳои моҳи декабр аз Олмон ба Маскав ворид карда шуд ва тибқи нақша бояд ба Тоҷикистон интиқол дода мешуд.

Дар аввал ҷониби интиқолдиҳанда ҳадафи интиқоли маводро шарҳ надода буд ва мақомоти Русия аз рӯи интиқоли қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон парвандаи ҷиноӣ боз карда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *