Рустам ва Сӯҳроб дар “Ҳоливуд” (Видео)

 Нахустнамоиши нахустин филми тоҷикон дар гаҳвораи кино

Ду бародари дугоник — Рустам ва Сӯҳроби тоҷик дар ошӯбҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Тақдир якеро ба Амрико бурду дигаре дар зиндагӣ роҳгум зад. Рустам дар оилаи амрикоӣ чун патриоти ҳақиқӣ ба воя расиду сарбози артиши Амрико шуд, Сӯҳроби роҳгум бошад, ба хоки Афғонистон афтидаву сарбози гурӯҳи тундрави “Толибон” гашт.

Артиши Амрико, ки дар ҳайати он Рустам низ буд, барои мубориза бо Толибон ба Афғонистон омад… Ду сангар: яке Амрико, дигаре Толибон. Дар ду сангар — ду бародар: яке Рустам, дигар Сӯҳроб. Чунин аст, муҳтавои филми ҳунарманд ва коргардони ҷавони тоҷики муқими Амрико Ҷайҳун (Ҷеймс) Насимӣ бо номи «Unfallen” («Шикастнопазир”), ки санаи 30-юми июн нахустнамоиши он дар “Голивуд” баргузор гардид. “Шкастнопазир” аввалин филми истеҳсоли тоҷикон аст, ки дар саҳнаи “Голивуд” ба намоиш гузошта шуд…

Ин достон дар ибтидо шабеҳи достони “Рустам ва Сӯҳроб”-и Ҳаким Абулқосими Фирдавсист: ҷудоӣ, ҷанг, рӯбарӯшавӣ дар набард, шиносоӣ, андуҳу ашк, интихоб… Аммо ба гуфти муаллиф ва коргардон — Ҷайҳун Насимӣ “Шикастнопазир”аз достони Фирдавсӣ фарқ дорад, қаҳрамонҳояш ҳам дар охир намемиранд ё якдигарро ба қатл намерасонанд… Мо дар поёни филм нишон медиҳем, ки ду бародар якҷо мешавад, сулҳ ва муттаҳидди халқи тоҷикро нишон медиҳад. Мутаҳиддии халқи Амрико ва афғонро нишон медиҳад. Онҳо тамсили сулҳ ва муттаҳидӣ ҳастанд.

Ҳадафи ман ин аст, ки мехоҳам ба инсонҳо нишон бидиҳам, ки парокандагиву ҷудоӣ хуб нест ва оқибатҳои бад дорад, — мегӯяд Ҷайҳун ва идома медиҳад, — Ҳамчунин, мехоҳам Тоҷикистон ва тоҷикро муаррифӣ намоям”

Аммо ба гуфти Ҷайҳун, паёми аслии филм барҳам додани тасаввуроти нодурусти маруми Ғарб нисбат ба Шарқ аст. Ӯ мегӯяд: “Ба мардуми Ғарб, ки гоҳо дар бораи мардуми Шарқ тасаввуроти нодуруст доранд, нишон бидиҳем, ки дине ё миллате бад нест, балки одамоне ҳастанд, ки миллат ва ё динеро бад нишон медиҳанд. Ва дар ҳар шароит арзишҳое, чун муҳаббат ба оила, муҳаббат ба Ватан бар ҳама арзишҳои дигар боло мегиранд.”

Ҳар ду нақши асосӣ – Рустам ва Сӯҳробро дар филм худи муаллиф Ҷайҳун Насимӣ иҷро кардааст. Ҳамчунин, дар нақшҳои дигар панҷ ҳунарманди тоҷики муқими Амрико нақш офаридаанд. Дар баробари  ин ду нафар аз ҳунармандони машҳури “Ҳоливуд” Майкл Мадсен ва Ҷеймс Ҳонг низ дар филм ноқшҳои асосиро бозӣ кардаанд.

Майкл Мадсен, яке аз ҳунармандони машҳури ҷаҳон буда, ӯро аксарият аз филмҳои “Син Сити” ва “Куштани Билл” мешиносанд. Ҷеймс Ҳонги чинитабор бошад, қариб дар 500 филмҳои ҳунариву телевизионӣ нақш иҷро кардааст. Насимӣ мегӯяд, ки ҳамкорӣ бо ин ду нафар ҳунарманди касбӣ ва ҷаҳонӣ барои ӯ таҷрибаи хубе буд.

Сироҷиддин Мирзоев, Алӣ Мурод, Сафар Маҳмадов, Ҳамро Бойматов ва Илҳом Иброҳимов он ҷавонони ҳунарманди тоҷик ҳастанд, ки нақшҳои дигари филмро бозидаанд.

Коргардонҳои филми «Шикастнопазир” ду тан аз режиссёрҳои ҳирфаӣ Данте Ҷо ва Ҷош Ҳодҷинс мебошанд, ки ҳар яке дар муҳити “Голивуд” маъруф буда, даҳҳо филм ба навор гирифтаанд.

Барои банаворгирии филм 250 ҳазор доллари амрикоӣ масраф шудааст, ки он бо кумаки Сироҷиддин Мирзоев, продюссери филм ҷамъоварӣ шудааст. Ба гуфтаи Ҷайҳун Насимӣ, ба ӯ дар ҷамъоварии маблағи филм, чанде аз тоҷикон дар Амрико ва ду студияи филмбардорӣ дар Лос-Анҷелес кумак кардаанд. Ӯ умедвор аст, ки филм хароҷоташро мепӯшонад ва фоида ҳам ба даст меорад.

 Қисме аз филми “Шикастнопазир”-ро дар Тоҷикистон ва қисмеро, ки бояд дар Афғонистон наворбардорӣ мешуд, ба далели ноамнӣ дар он кишвар дар штати Вашингтон ба навор гирифтаанд.

«Мо филмро дар муддати се моҳ ба навор гирифтем, вале бастубанди он беш аз як сол тӯл кашид. Ҳоло филм омода аст, ки ба тамошобинон пешниҳод кардем., — гуфт Ҷайҳун Насимӣ, ки ҳамкорони амрикоиаш ӯро Ҷеймс ном мебаранд.

Филми продюссери ҷавони тоҷикро рӯзи 30-юми июн дар Ҳолливуд ба намоиш гузоштанд. Ба гуфти масъулин толор пур буд ва тамошобинон аз он хуб истиқбол карданд.  Намоиши саросарии филми «Шикастнопазир” дар кинотеатрҳои Амрико моҳи июл ва дар дигар кишварҳои ҷаҳон то поёни сол шурӯъ мешавад. Ҷайҳун Насимӣ ният дорад, ки филмашро дар Ватанаш Тоҷикистон бо забони тоҷикӣ намоиш диҳад.

Шореҳи нашрияи бонуфузи Лос Аҷелос —  “Los Angeles Times” Мишел Речстифен, баъди тамошои филм доир ба он нақде ҳам нашр кардааст, ки дар он дастоварду камбудиҳои филмро матраҳ кардааст.   “Шикастнопазир” талоши ҷиддии ҷавонони тоҷик буда, боиси дастгирӣ ва таҳсин аст.

Ҷайҳун Насимӣ соли 1984 ба дунё омада, риштаи таърих ва робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи славяниии Тоҷикистону Русияро хатм кардааст. Соли 2009 ба муқими Амрико шуда, ҷиддӣ ба омӯзиши санъати кино пардохтааст.

“Бо вуҷуди он ки донишгоҳро бо дигар ихтисос хатм кардам, ишқи ман ба ҳунарпешагӣ буд ва аз ин рӯ, вақте ба Амрико омадам, дар чанд давраи таҳсил ҳунарпешагиро омӯхтам. Ибтидо дар чанд филм нақшҳои хурдро бозӣ кардам ва сипас фикри сохтани филми «Шикастнопазир” дар зеҳнам пайдо шуд.” – мегӯяд ӯ.

Мавриди ёдоварист, ки Ҷайҳун дар муҳити синамои Амрико одами нав нест ва пеш аз ин дар филмҳои  “Қисми 8” (“Section 8” ) , “Дар зери сояи Ӯ” (“In His Shadow”), “Гули ваҳши” (“Wildblume”), “Падар” (“Father”) ва ғайра нақшҳои ҷолиб офаридааст. Дар Тоҷикистон низ ду филми ӯ “Никотин” ва”Фариштаи бебол” рӯйи навор омада манзури тамошобин гардидааст.

-“Шиксатнопазир” охири кор нест, аллакай мо нақшаҳои дигар дорем ва дар зеҳнамон низ як ҳарф аст – Ба пеш! – мегӯяд, Ҷайҳун.

Мо низ ба ӯ барор мехоҳем ва як ҳарф мегӯем – Ба пеш!

Одили Нозир

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *