Рустами Эмомалӣ ба 142 омӯзгор мукофотпулӣ дод

Дар шаҳри Душанбе 142 мураббӣ ва омӯзгор бахшида ба Рӯзи омӯзгор бо мукофотпулии раиси шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд. 

“Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии моддӣ-маънавии мураббиён ва омӯзгорон бахшида ба таҷлили Рӯзи омӯзгор, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ 142 нафар мураббиёну омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмунҳои шаҳрӣ ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ғолиб гардидаанд, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3000 сомонӣ қадр карда шуданд”,-иттилоъ медиҳад мақомоти шаҳри Душанбе.

Инчунин, 50 нафар мутахассиси ҷавоне, ки соли аввал ба фаъолияти омӯзгорӣ шурӯъ кардаанд, соҳиби планшет гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *