Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба Боку рафт
Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Бино ба иттилои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар Фурудгоҳи байналмилалии ба номи Ҳайдар Алиев Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро муовини Раиси Милли Меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва дигар намояндагони расмӣ истиқбол гирифтаанд.
— Зимни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ