Рустами Эмом

Шаҳрдори Душанбе: Дар кутоҳтарин муддат аз вабои аср раҳо мешавем!

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва ҳамчунин, раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии  Тоҷикистон зимни як муроҷиати расмӣ ба сокинони пойтахт гуфтааст, ки барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст. Инчунин, фаъолияти тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад. Матни муроҷиати  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин аст:

Сокинони муҳтарами пойтахт!

Роҳбарияти шаҳри Душанбе эҳтиромона ба маълумоти шумо мерасонад, ки дар асоси дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе вобаста ба паҳншавии бемории коронавирус ва илтиҳоби шуш Ситоди доимамалкунанда доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ фаъолият дорад ва то имрӯз дар ин самт тамоми тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд.
Барои аҳолии шаҳр ҳаҷми зарурии маҳсулоти ғизоӣ ва маводи беҳдоштиву доруворӣ захира карда шудааст.
Фаъолияти муназамми тамоми бозору марказҳои савдо, беморхонаву дармонгоҳҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва дигар инфрасохтори иҷтимоиву фарҳангии пойтахт зери назорати Ситоди доимамалкунанда қарор дорад.
Бинобар ин, аз ҳар як сокини пойтахт ва меҳмонони он хоҳиш карда мешавад, ки, пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.
Аз падару модарони муҳтарам даъват мекунам, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.
Сокинони муҳтарами пойтахт!
Дар ҷойи кор, нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти суҳбат ва гаштугузор дар кӯчаву хиёбонҳо ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоед.
Ҳангоми мулоқот ва вохӯрӣ бо даст салом накунед, фосилаи муайянкардаи табибонро риоя намоед, яъне ҳангоми суҳбат аз ҳамдигар якуним – ду метр қарор дошта бошед.
Баъди дар кӯчаву боғҳо сайругашт кардан дастони худро бо собун шустушӯ намоед ва бо маҳлули зиддисироятӣ тоза кунед.
Ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки саломатии ҳар як шахс, қабл аз ҳама, дар дасти худи ӯст ва ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ вобастагии амиқ дошта, иҷрои қатъии онҳо имкон медиҳад, ки одамон ба ин бемории сироятӣ гирифтор нашаванд.
Ҳангоми пайдоиши аломатҳои беморӣ ҳатман ба табибон муроҷиат кардан зарур аст.
Яъне ҳамаи мо бояд дар фикри саломатии аҳли оилаи худ бошем ва бо худмуолиҷакунӣ машғул нашавем.
Як нуктаи муҳимро дар назар бояд дошт, ки ин беморӣ танҳо аз одам ба одам мегузарад, яъне паҳнкунандаи вирус худи инсон мебошад.
Ҳамчунин, ба маълумоти шумо расонида мешавад, ки ҳамаи беморхонаҳо ва дармонгоҳҳои шаҳр бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин буда, табибон ва ҳамшираҳои шафқат омода ҳастанд, ки ба ҳар як шахси муроҷиаткунанда сари вақт кумаки аввалия расонанд ва маслиҳати зарурӣ диҳанд.
Ҳамзамон бо ин, табибони оилавӣ вазифадор карда шудаанд, ки ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон ба хонаҳо рафта, ба онҳо ёрии амалӣ расонанд.
Дар мақомоти шаҳрдорӣ телефонҳои боварӣ (223 22 14; 227 31 74) фаъол буда, шаҳрвандон метавонанд ба воситаи ин рақамҳо доир ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва беҳдоштӣ ба шахсони масъул муроҷиат намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо эътимоди комил ба сокинони пойтахт изҳор медорад, ки мо бо саъю талоши якҷоя ва албатта, бо кумаку дастгирии шаҳрвандони бонангу номуси пойтахти азизамон ин мушкилотро, ки гузаранда мебошад, паси сар мекунем ва минбаъд низ ба хотири ободиву пешрафти шаҳрамон, яъне пойтахти Тоҷикистони маҳбубамон аҳлона заҳмат мекашем.
Дар баробари ин, роҳбарияти шаҳр тамоми имконияту захираҳоро сафарбар месозад, ки барои сокинони пойтахт шароити мусоид фароҳам оварад ва ҳамаи чораҳои бехатариро доир ба ҳифзи саломатии ҳар як сокини пойтахт амалӣ намояд.
Ҳамзамон бо ин, ба ҳамаи роҳбарону табибон, ҳамшираҳои шафқат, кормандон ва ҳайати хизматрасони беморхонаву дармонгоҳҳо, марказҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ барои фаъолияти шабонарӯзиашон изҳори сипосу миннатдорӣ мекунам.
Аз ҳар кадоми онҳо хоҳиш менамоям, ки ба муроҷиати шаҳрвандони пойтахт бо масъулияти баланд таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва ҳатмӣ зоҳир намоянд, муомилаву муоширати хуб дошта бошанд ва рисолати аслии худ — хизмат ба мардумро фаромӯш накунанд.
Тамоми сокинони пойтахтро даъват мекунам, ки ба ҳар гуна овозаву хабарҳои дурӯғу ғаразнок бовар накунанд, босабру таҳаммул бошанд ва умеди қавӣ дошта бошанд, ки мо дар муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши муштарак аз ин вабои аср раҳо ёфта, тамоми имконияту нерӯи хешро барои рушди пойтахти азизамон ва зиндагии боз ҳам беҳтари сокинони сарбаланди он сафарбар менамоем.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *