Рустами Эмомалӣ дар Маскав

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе бо як сафари расмӣ озими Маскав шуд.

Бино ба иттилои сухангӯи дафтари матбуотии дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, сафари расмии Рустами Эмомалӣ субҳи имрӯз ба Русия сурат гирифт. Дар ин сафар Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.Дар фурудгоҳи «Внуково-2»-и шаҳри Москва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Умаханов И.М. ва дигар шахсони расмӣ истиқбол гирифтанд.Ин нахустин сафари расмии Рустами ба Маскав аст.Барнома ва ҳадафҳои дақиқи сафари Рустами Эмомалӣ ба Маскав ҳанӯз эълон нашудаанд.Як сол қабл, Рустами Эмомалӣ нахустин сафари расмии худро ба Узбакистон анҷом дода буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *