Рустами Эмомалӣ озими Алмаато шуд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон вориди шаҳри Алмаато шудаанд.
Ҳадаф аз ин сафар иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки имсол аз таъсиси ин созмон 30-сол пур шудааст.
“Дар ин сафар раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро раисони як қатор кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд”,-омадааст дар иттилоияи расмӣ.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Алмаато Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва намояндагони расмии Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон истиқбол гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ