Рустами Эмомалӣ — дастури нав: Хона — музейи Айниро обод мекунем, на вайрон!

Овозаҳо пешдастӣ мекунанд, ҳақиқат зери парда мемонад.

Ҳатто миёни аҳли адаб, зиёиён  рӯзҳои охир ба иртиботи вайрон кардани Хона — музейи устод Айнӣ ҳангомаҳое пайдо шуданд, ки саҳифаи “женский базар” дар Фейсбукро ба хотир меоранд.  Масалан, Абдуқодир Рустам, адиб дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст:  “Даст аз хонаи устод  Айнӣ бардоред!!! Шарматон бод!!!!  Маънои шаҳр ва шаҳрнишинӣ қатори қуттиҳои 16-у 20 табақа нест, риояти одоби шаҳрнишинӣ  ва  тамаддунофаринӣ аст…”.

Корбари дигари шабакаи иҷтимоии Фейсбук  Ҷамшеди Ҳабиб зери сарлавҳаи “ДУШМАН ЗАҲМАТИ БЕҲУДА КАШИД” чунин нигоштааст: “Дар Эрон гирди қабри Куруш чоҳ канда, зироат кориданд, дар Душанбе бошад, вайрон кардани хона-музейи устод Айниро баррасӣ доранд. Мо худамон таърихамонро бо дастони худамон нобуд дорем. Душман беҳуда заҳмат кашид, ки омада китобҳои моро оташ зад. Баъди биноҳо китобҳоро ҳам худамон оташ мезадем”.

Рассоми машҳури тоҷик Зокир Собиров бошад, дар расонаҳои кишвар  чунин ибрози назар намуд: «Солҳои ахир дар Тоҷикистон раванди решакан кардани фарҳангу таърихи миллат ҷараён дорад».

Шахсиятҳои шинохтае чун Акбар Турсун, Иброҳим Усмонов, Низом Қосим, Гулрухор, Абдунабӣ Набавӣ атрофи кӯчонидани Хона- музейи устод Айнӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ назар карданд.

Сомонаи Pressa.tj  қаблан ба ҳукумати шаҳри Душанбе муроҷиат карда,  нисбат ба кӯчонидани Хонаи — музейи устод Айнӣ пурсон шуда буд. Ҷамшед Олимов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе гуфта буд, ки ин  овозаҳо ҳақиқат надоранд. Вале бо вуҷуди ин, андешаҳои чун назари дар боло зикршудагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ доман паҳн карданд. Вале имрӯз, 19 ноябр  Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ба ҳамаи ин овозаҳо нуқта гузошт.   

Дар сомонаи мақомоти шаҳри Душанбе вобаста ба ин масъала назари расмии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ чунин баён шудааст:  

“Хона-музейи адиб, олим, сардафтари адабиёти муосири тоҷик, аввалин Президенти Академияи илмҳо ва қаҳрамони Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҳамза Ҳакимзодаи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бартараф карда нашуда, нигоҳдошти минбаъдаи он таъмин карда шавад. Ҳамчунин, ба сохторҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки гирду атрофи осорхона ободу зебо нигоҳ дошта шуда, мунтазам корҳои сабзкориву гулзоркунӣ амалӣ карда шавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *