Рустами Эмомалӣ фардо бо президенти Туркманистон вомехӯрад
Имрӯз, 11-уми май раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба Туркманистон сафар кард.
Бино ба иттилои котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро муовини Раиси Халқ Маслиҳати Миллӣ Генгеши Туркманистон, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон ва дигар намояндагони расмии ин кишвар истиқбол гирифтанд.
«Дар ин сафари расмӣ дар Туркманистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ доранд”,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Интизор меравад, ки зимни сафар Рустами Эмомалӣ бо ҳайати воломақоми Туркманистон дидору вохӯрӣ анҷом диҳад. Аз ҷумла, имрӯз боздиди Рустами Эмомалӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш дар яке аз корхонаҳои нассоҷӣ сурат мегирад. Фардо, 12-уми май мулоқоти рӯ ба рӯи раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов сурат хоҳад гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ