Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллӣ шуд

Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон интихоб гардид. Ҳамчунин,  Аҳмадзода Раҷаббой ва Файзов Ёдгор Доёровичро ба ҳайси муовини аввал ва муовини Раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуданд.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, пешниҳоди мазкур аз ҷониби вакилони Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Амонзода Илҳом Темур ва Қонунзода Шодигул Худобахш муҳокима ва дастгирӣ ёфт.

Сипас, тибқи моддаи 3-и дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ному насаби номзади пешниҳодгардида ба бюллетенҳои овоздиҳии пинҳонӣ ворид гардид.

«Аъзои Маҷлиси миллӣ тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуданд», — омадааст дар иттилоия.

Пас аз интихоб гардидан ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рустами Эмомалӣ дар иҷлосия суханронӣ намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *