Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси олӣ мешавад?

Имрӯз, 27 март дар Душанбе интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон, палатаи болоии парлумони кишвар баргузор мегардад. Вакилони минтақаҳо тариқи овоздиҳии пинҳонӣ 25 аъзои палатаи болоии парлумонро ба 33 мақомоти маҳалии қонунгузорӣ интихоб мекунанд.

Аз шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳи Суғду Хатлон ва ВМКБ 5-нафарӣ аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб шуда, 8 нафари боқимондаро президенти кишвар таъин мекунад.
Яке аз номзадҳо ба узвият дар Маҷлиси миллӣ раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад.

Ғайр аз ин, раисони вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ВМКБ Ёдгор Файзов ва Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ номзадҳо ба аъзогӣ дар Маҷлиси миллӣ пешбарӣ шудаанд.
Ҳамчунин, коршиносон пешгӯйӣ мекунанд, ки дар ҷаласаи имрӯз Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон интихоб шуда, ба ин васила шахси дуввуми кишвар хоҳад шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *