Рустами Эмомалӣ терминалҳои мусофирбарро муайян кард
Мувофиқи қарори Раиси шаҳриДушанбе Рустами Эмомалӣ, ки амалишавии ин қарор аз 1 январи соли 2021 муайян гардидааст, мусофирбарҳои самти шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Файзобод, шаҳри Роғун, водии Рашт ва минтақаи Кулоби вилояти Хатлон тавассути дарвозаи шарқӣ бо ҷойгиршавиашон дар терминали мусофирбарии «Шарқ – Транс» муайян карда шавад.
Инчунин нуқтаи охири хатсайрҳои микроавтобусии рақами 18, 39 ва хатсайрҳои автобусии рақамҳои 2, 4, 7 ва 43 терминали мазкур муқаррар карда шудааст.
«Ноҳияи Рӯдакӣ ва вилояти Хатлон тавассути дарвозаи ҷанубӣ бо ҷойгиршавии онҳо дар терминали мусофирбарии ҶСП «Тоҷиквнештранс» муайян ва терминали мазкур нуқтаи охири хатсайрҳои дохилишаҳрии микроавтобусии №3, 5А, 33, 42, 56, 81, 88 ва хатсайрҳои автобусии №1, 2 ва 43 муқаррар карда шаванд», — омадааст дар қарори мазкур.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ