Рустами Эмомалӣ барои нафақахӯрон нақлиёти ҷамъиятиро бепул кард

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарори вижа аз 15 декабр истифодаи тамоми нақлиёти ҷамъиятӣ, ба истиснои таксиро дар пойтахт барои нафақахӯрони синнашон аз 75-сол боло бепул кард. Ба нафақахӯрони солхӯрда корт ё чиптаҳои махсусе медиҳанд, ки онҳо бепул аз хидмати автобусу троллейбусҳо ва маршруткаҳо истифода баранд.

Раиси шаҳри Душанбе ба ин қарор ҳанӯз рӯзи 12 декабр имзо кардааст, вале матнаш дар сомонаи расмии шаҳрдорӣ рӯзи 18 декабр нашр шуд.

Бар асоси қарори рақами 777-уми Рустами Эмомалӣ, нафақахӯрони синнашон аз 75-сола боло аз 15 декабр ҳаққи истифодаи бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ ба истиснои таксиро ба даст меоранд. Талаб шудааст, ки афроди солхӯрда бояд бо корт ё чиптаҳои махсус таъмин карда шаванд.

Рустами Эмомалӣ дар фармонаш гуфтааст, ки ин тасми ба хотири дастгирии моддиву маънавии мардуми солхӯрда гирифта шуда, ҳаққи истифодаи бепул ба ин мардум дар тамоми нақлиёти мусофирбари ҷамъиятӣ, новобаста аз шакли моликияти онҳо дода мешавад.

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №777 АЗ 12.12.2017

Дар бораи ройгон истифода намудани нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло аз хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаиумум (ба истиснои нақлиёти сабукрави таксӣ)

Бо мақсади дастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо инобати қарори маҷлиси васеи роҳбарону масъулини корхона ва ҷамъиятҳои нақлиётии шаҳри Душанбе аз 30 сентябри соли 2017, мутобиқи моддаҳои 19 ва20 Қонуни конститутсионии ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Аз 15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда шавад.

2. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамот-расон» якҷо бо корхонаҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус» ва ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд:

— ҷиҳатидастгирии моддӣ-маънавии нафақахӯрони синну солашон аз 75 боло барои истифодабарии ройгон дар воситаи нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) ҳамаҷониба мусоидат намуда, чораҳои заруриро роҳандозӣ намоянд;

— дар ҳамбастагӣ бо Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди мазкур, аз ҷумла бо риояи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда гузаронидани корҳои нозиротӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар ин самт тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешанд.

3. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.

4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

Рустами Эмомалӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *