Рустами Эмомалӣ:Истиқлолият роҳ ба сӯи ҳадафҳои тақдирсоз аст

Бисту панҷ сол муқаддам, яъне 9 — уми сентябри соли 1991 миллати куҳанбунёдамон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва ҷомеаи ҷањонӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати озоду мустақил эътироф намуд.

Бо ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ормонҳои ҳазорсолаи  давлатсозиву давлатдории ниёгони озодихоҳамон бо ҷаҳду талошу ва бурду бохтҳои бешумор оқибат ҷомаи амал пӯшида, мо соҳиби давлати мустақили миллии хеш гардидем. Аз ин рӯ, истиқлолияти давлатӣ барои мо тоҷикон дастоварду неъмати муқаддастарин аст ва мо онро аз ҳама арзишҳои дигар азизу муқаддам медонем. Истиқлолият рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ, кафолати хонаи ободу сари баланд ва неруи таконбахши ҳаёти ҳаррўзаи мо мебошад. Бинобар ин, мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби давлати мустақил ҳастем ва муқаддасу бегазанд ва ҳамеша пойдору устувор нигоҳ доштани истиқлолият – ин дастоварди бузург ва неъмати беҳамтои миллӣ, рисолати ҷонии ҳар як шахси худшиносу худогоҳ ва бонангу номус аст ва мо онро чун гавҳараки чашм бояд ҳифз намоем.
Боиси қаноатмандист, ки истиқлолияти давлатӣ тавассути сиёсати созандаю хирадмандона ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизи моро бо беҳтарин дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, бунёди иншооти дорои аҳамияти стратегӣ ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда, барои эъмори давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва ягонаю иҷтимоӣ заминаҳои мусоид фароҳам овард. Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноку муҳимтарини сиёсати дохилии давлати соҳибистиқлоламон тарҳрезӣ ва муайян карда шуданд, ки мо онҳоро дар доираи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикии давлатамон, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишварамон ва ҳифзи амнияти озуқавории мардуми шарифамон зина ба зина татбиқ карда истодаем. Дар солҳои охир, бунёди садҳо неругоҳҳои барқи обии хурду миёна, сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, корхонаҳои саноатӣ далели давра ба давра амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Љумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба халқу мамлакати мо қувваи тавоное бахшида, барои пешрафти ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ фазои мусоиду озод фароҳам овард ва имрӯз мо дилпурона метавонем гӯем, ки Тоҷикистон дар кўтоҳтарин муддат ба дастовардҳои хеле  назаррас ноил гардид.
Расидан ба қадри истиқлолият ва давлатдории мустақилона, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси гарми ватандориву ватанпарастӣ, бедории маънавӣ, ифтихори миллӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатдорӣ – ҳама дар маҷмӯъ моро ба сӯи бунёди ҷомеаи воқеан шаҳрвандӣ, пешрафти устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва татбиқи нақшаву ҳадафҳои тақдирсози стратегӣ мебарад.
Вақте ки доир ба нақши истиқлолият дар ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин роҳҳои устувор сохтани давлатдории миллӣ сухан мегўем, бояд масъалаи ваҳдати миллӣ, зарурат ва аҳамияти ҳифзу таҳкими онро низ аз мадди назар дур насозем. Дар шароити кунунӣ таҳкими истиқлолият, устувор гардонидани пояҳои давлат ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати зиндагии инсон барои мо мазмуни ҳаётан муҳим пайдо мекунад. Зеро даҳсолаҳои охир пешрафти босуръати илму техника ва раванди қувватгирифтаистодаи ҷаҳонишавӣ инсониятро ба муҳити комилан нав ворид намуда, боиси ташаккул ёфтани низоми фарогири равобити сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва иттилоотиву маънавӣ гардидааст.
Бо вуҷуди ҳамаи дастовардҳои беназири худ инсон ҳанўз ба ормону орзуҳои деринааш, яъне эҷоди як зиндагии поку пурсаодат, орому осуда ва озод аз хушунату ихтилофҳо дастёб нашудааст. Баръакс, имрӯз инсоният бо хатарҳои нав ва мушкилоти сангинтар рӯ ба рӯ гашта, гирифтори ихтилофҳои мафкуравию мазҳабӣ ва бархӯрди манфиатҳои сиёсиву иқтисодии ҷаҳонӣ гаштааст. Аз ин рӯ, мову шуморо зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ равона карда, ободии имрӯзу фардои кишварамонро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву таҳрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд.
Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ҳама гуна омилҳои ба зиндагии осоиштаи мардум ва истиқлолияти давлатии мо таҳдидкунанда, аз қабили ифротгароӣ, коррупсия ва ҷинояткории трансмиллиро маҳкум ва пешгирӣ намуда, талошҳои созанда намоем ва дар таҳкими Истиқлолияти комили давлатӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ҳиссагузор бошем.
Бигзор, ҳама вақт ливои бузурги истиқлолияти давлатамон то абад парафшон бимонад!

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *