Рустами Эмомалӣ «Пойтахт»-ро иваз кард
Рустами Эмомалӣ – иҷрокунандаи вазифаи шаҳрдори Душанбе – ду қарори раиси пешини пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоевро иваз кард. Бар асоси ду қароре, ки рӯзи 28 март дар вебсайти расмии шаҳрдорӣ нашр шуд, номи меҳмонхонаи «Пойтахт» ва телевизиони «Пойтахт» ба «Душанбе» табдил дода шудаанд.
Аз ҷумла, дар яке аз қарорҳо гуфта шудааст, калимаи «меҳмонсаро»-ро низ бо «меҳмонхона» иваз намоянд. Қарорҳо дар бораи «Меҳмонхонаи Пойтахт» ва «Телевизиони Пойтахт» моҳи октябри соли 2006 аз тарафи Маҳмадсаид Убайдуллоев қабул шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ