Рустами Эмомалӣ роҳи Борбадро ба истифода дод
Чуноне аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ расман ба ифтитоҳ ва баҳрабардории қитъаи роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад, аз кӯчаи Шестопалов то кӯчаи Пахтакор, ки дар ҳудуди ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе ҷойгир аст, ибтидо гузоштанд.
Сохтмон ва навсозии роҳи автомобилгарди хиёбони Борбад аз ҷониби пудратчии асосӣ -Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Роҳи тоҷик» ба маблағи беш аз 90 миллион сомонӣ иҷро шудааст.
Масофаи роҳ дар ин минтақа 5,35 км буда, дар масоҳати 134 ҳазору 424 метри мураббаъ ҷойгтр шудааст. Ҳамчунин роҳсозон дар навсозӣ ва барқароркунии шабакаҳои муҳандисӣ, аз ҷумла чароғонкунии беруна, хат ва ноқилҳои барқтаъминкунӣ, хатти троллейбус, шабакаҳои берунаи обтаъминкунӣ ва корезӣ, гармидиҳӣ ва алоқа корҳои зиёди созандагиро мувофиқи талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба субут расондаанд.
Дирӯз ҳамчунин корҳои навсозии хиёбони Ҷ. Расулов, ки аз хиёбони Б.Ғафуров оғоз ёфта, то кӯчаи Р.Набиев дар масофаи 3,47 км бо масоҳати 207 452 метри мураббаъ тӯл кашидааст, пурра ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ