Рустами Эмомалӣ  занонро ҳимоят мекунад.

Шаҳрдори Душанбе  Рустами Эмомали дастур додааст, ки  гуруҳи корие созмон дода шавад ва дашному суханҳои ноҷое, ки нисбати занон ва духтарон дар кӯчаҳои шаҳр гуфта мешавад пешгирӣ кунанд. Дар ин бора ба хабарнигори tajikistantimes.com котиби матбуотии шаҳри Душанбе   Абдумадҷид Усмонзода, хабар дод.

Ба ин гуруҳ намояндагони шаҳрдори Душанбе, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, намояндагони Кумитаи ҷавонон ва дигар идораҳои дахлдор равона шудаанд.

 “Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ аризаҳои шикоятии занону духтарони пойтахтро ба назар гирифта, супориш додааст, ки гуруҳи кориро барои пешгирии чунин амалҳои номатлуб, ташкил намоянд. Баъди омухтани вазъият, чораҳои зарурӣ андешида мешавад”- зикр намуд Усмонзода.

Вазифаи гуруҳи корӣ ин муаяйн намудани ҳодисаҳои  дар кӯчаҳои Душанбе,  муносибати мардон  нисбат ба  занон муайян шавад.  Масъала дар он хусус аст, ки  намояндагони ҷинси латифро мардону ҷавонон дашномҳо медиҳанд.

Инчунин бо дастури шаҳрдор аз пайи мардон бо тариқи камераҳои назоратӣ, ки дар кӯчаҳои шаҳр насб карда шудааст,  назорат карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *