Рустами Шоҳмурод : имдоди Имом Хумайнӣ қонуншиканӣ кард
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, ки фаъолияти Кумитаи имдоди Имом Хумайниро бинобар риоя накардани қонунҳои Тоҷикистон, ба таври муваққаттӣ қатъ кардаанд.
Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин вазорат рӯзи 27 июл гуфт, ин қазия дар баррасии суд қарор дорад ва то анҷоми мурофиа аз шарҳи бештар худдорӣ хоҳанд кард. Вазири адлия афзуд, қарори ниҳоиро дар робита ба фаъолияти ояндаи Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ, суд қабул хоҳад кард.
Вазири адлияи Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, ки «Кумитаи имдоди Имом Хумайнӣ ҳамчун иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар вазорати адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда буд. Вале ин кумита ба баъзе аз қонуншиканиҳо дар Тоҷикистон роҳ дод. Баҳс имрӯз дар суд идома дорад, аз ин лиҳоз ман намехоҳам то ҳалли суд, дар ин бора ибрози назар кунам.»
Рустами Шоҳмурод гуфт, ки шарҳ додани ин қазия як навъ фишор ба суд хоҳад буд. Бинобар ин, ӯ ҷузъиёти марбут ба қонуншикании созмони хайрияи эрониро ҳам шарҳ надод. Баҳс миёни Вазорати адлияи Тоҷикистон ва Кумитаи имдоди Имом Хумайниро Суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ