Рузи Президенти Тоҷикистон дар Пекин

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин 23-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки донишҷӯёни тоҷик ҷамъомади ҷашнӣ баргузор гардид.

Тавре  аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон хабар доданд, кормандони Сафорат ҳозиринро ба муносибати ин рӯйдодҳои сарнавиштсоз табрик намуда, аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшу иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, давлатсозиву давлатдорӣ, комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳамарӯза афзудани эътибори байналмилалии он, дастовардҳои миллӣ баъд аз қабули Конститутсияи нави Тоҷикистонро зикр  намуданд.

Ҳамчунин ба донишҷӯён таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон, ватандӯсту ватанпараст будани онҳо, дониш андӯхтану таҷрибаомӯзӣ, аз худ кардани технологияҳои муосир, ҳушдорӣ ҷиҳати худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир нигоҳ доштан, риояи қонуну қоидаҳои кишвари иқомат ва эҳтироми расму ойини он таъкид карда шуд.

Дар навбати худ донишҷӯён низ дар робита ба ҳар як санаи ҷашнӣ сухан гуфта, сурудҳои ватандӯстона хонданд. Ҳамзамон зимни ҷамъомад вобаста ба ҳар як мавзӯъ озмун доир карда шуда, ба донишҷӯён саволҳои дахлдор дода шуд.

Дар фарҷом донишҷӯёни фаъолу ғолибони озмун аз ҷониби Сафорат бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *