РВКД вилояти Суғд соҳиби бинои иловагӣ мешавад
Дар ҳудуди бинои Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бинои иловагӣ сохта мешавад.
Акбар Шарифӣ, масъули бахши матбуоти РВКД дар вилояти Суғд ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки дар макони сохташавандаи иншоот маросими гузоштани санги асос бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода ва раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашт.
“Бинои маъмурии сохташаванда аз таҳхона ва чорошёна иборат ва дар он тамоми инфросохтори зарӯрӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, 45 утоқи корӣ, ошхона, меҳмонхона ва толори варзишӣ. Вазири корҳои дохилӣ ва Раиси вилоят зимни шиносоӣ бо лоиҳаи иншооти навсохтмон ҷиҳати бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастурҳои иловагӣ доданд»,- гуфт Шарифӣ.
Тибқи иттилои масъулин Pressa.tj бинои мазкур дар арафаи ҷашни 30-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 2022 ба истифода дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ