СҲШ аз доллар даст мекашад?
Сарвазири Русия ташаббуси Қазоқистонро мабнӣ ба истифодаи пулҳои миллӣ дар муомилот дар доираи Созмони Ҳамкорҳои Шанҳай (СҲШ) пуштибонӣ кард.
Дмитрий Медведев рӯзи 2 ноябр дар ҳамоиши сарвазирони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон гуфт, бояд роҳҳои татбиқи пешниҳоди Қазоқистон барои анҷоми муомилот бо пулҳои миллӣ коркард шавад.
Сарвазири Русия коршиносони бахшҳои молӣ ва бонкҳои кишваҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳайро даъват кард, дар мизи мудаввар дар ин замина, ки дар авоили соли оянда дар шаҳри Маскав баргузор хоҳад шуд, ширкат кунанд.
Вай хабар дод, ки Русия тарҳи Консепсияи ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар самти рушди деҳот ва манотиқи дурафтода дар замони муосирро таҳия кардааст ва дар назар аст дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви СҲШ дар шаҳри Санкт-Петербург дар моҳи июли соли 2020 баррасӣ шавад.
Феълан Чин, Русия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон ва Покистон узви Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай маҳсуб мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ