СҲШ дар Тошканд дав барпо кард

Дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон Ниммарафони байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд, ки дар он 4 намояндаи Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар Ниммарафони СҲШ ҳудуди 2300 варзишгар аз 31 кишвар иштирок карданд.

Кишвари моро дар ин чорабинӣ Аъзамҷон Давлатов, Меҳрубон Шамсиддинов, Зулҳиҷа Ғаффорзода, Раҷабмо Абдуллоева (чор нафар) намояндагӣ карданд.

Ниммарафони СҲШ дар шаҳри Тошканд дар масофаҳои 10 км ва 21 км 97,5 метр баргузор шуд.

Натиҷаи беҳтарро миёни варзишгарони мо дар ниммарафон бонувон ба қайд гирифтанд. Раҷабмо Абдуллоева бо натиҷаи 1:29:53 панҷум ва Зулҳиҷҷа Ғафорзода бо натиҷаи 1:31:00 шашум шуданд.

Миёни бонувон ғолиби Ниммарафони СҲШ-2021 дар Душанбе Азиза Мирзоакбарова (Ӯзбекистон) бо натиҷаи 1:15:16 пирўз шуд. Ҷойи дуюм бо натиҷаи 1:16:45 насиби намояндаи Қирғизистон Мария Коробитская гардид. Ситора Қурбонова (Ӯзбекистон) бо натиҷаи 1:24:38 сеюм шуда ба марра расид. Ҷойи чорумро намояндаи дигари мизбон Маҳинабону Комилова ишғол кард — 1:25:29.

Миёни мардҳо бо натиҷаи 1:04:28 Нурсултон Кунешбеков (Қирғизистон) ҷои аввалро гирифт. Ғолиби Ниммарафони Душанбе 2021 Шоҳрух Давлатов (Ӯзбекистон) бо натиҷаи 1:04:40 дуюм шуд. Ержан Жанарстанов аз Қазоқистон бо натиҷаи 1:07:47 ҷои сеюмро сазовор гашт. Се ҷои баъдиро намояндагони кишвари мизбон ишғол карданд — Отабек Тошқувватов (1:07:53), Ойбек Маматкомилов (1:08:26), Евгений Фадеев (1:08:42). Ниммарафони СҲШ бо ташаббуси ин созмон аз соли 2016 баргузор мегардад. Соли гузашта шаҳри Душанбе мизбони ин чорабинии байналмилалӣ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *