СҶБ бо пизишкону таҷҳизотҳои тиббӣ вориди Душанбе гардид
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт бо як ҳавопаймо бо таҷҳизоти пизишкӣ ва ҳамчунин гурӯҳе аз мутахассисони лаҳистонӣ барои муқобила бо густариши “Ковид – 19” вориди Душанбе гардиданд.
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт изҳор медорад, ки таҷрибаи тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар мубориза бо густариши Сovid-19 дар Лаҳистон, Италия ва Қирғизистон метавонад кумаки муҳиме барои ҳар кишваре бошад ва вуруди ин тим ба Тоҷикистон нишон медиҳад, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ метавонад нақши асосӣ дар муҳофизат аз мардум дар баробари ин беморӣ дошта бошад, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
Бино бар иттилои манбаъ, ба муддати се ҳафта, 23 мутахассис аз тимҳои ёрии таъҷилии пизишкии Лаҳистон, ки шомили мутахассисони беҳушӣ, пизишкони бемориҳои уфунӣ, парасторон ва мутахассисони башардӯстона ҳастанд, дар канори ҳамтоёни тоҷики худ ҳамкорӣ хоҳанд кард ва беҳтарин равишҳоро дар муолиҷаи мавориди шадиди Сovid-19 ба иштирок мегузоранд.
Ба унвони бахше аз ин амалиёт, Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳамчунин мутахассисони ташхиси пизишкӣ ва озмоишгоҳиро аз Олмон, Русия ва Англия муттаҳид мекунад, ки бино ба дархости давлати Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои оянда ба ин кишвар фиристода шаванд.
Озмоишгоҳҳои посухи босуръат (сайёр) ва тимҳои ёрии таъҷилии пизишкӣ дар муассисоти пизишкӣ дар манотиқи мухталифи кишвар, аз ҷумла дар дурафтодатарин манотиқ кор хоҳанд кард. Коршиносони эъзомӣ тавассути дафтари минтақаии Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ дар Аврупо ба Тоҷикистон, ҳамроҳ бо кормандони дафтари СҶБ, аз давлати ин кишвар ва шарикони байналмилалӣ дар эҷоди маркази амалиёти изтирории беҳдошти умумӣ, густариши стратегияи маҳор ва тақвияти механизмҳои иртибот бо рискҳои мавҷуд ва таомул бо ҷавомеи маҳаллӣ ҳимоят мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ