СҶТ даҳумин ваксинаи зидди COVID-19-ро тасдиқ кард
Ваксинаи амрикоии зиддикоронавирусии «Нуваксовид» (Nuvaxovid) даҳумин воситаест, ки аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ барои истифода дар ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ шуд.
— Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ваксинаи амрикоии “Нуваксовид”-ро ба феҳристи ваксинаҳои зидди COVID-19 илова кард, ки барои истифода дар ҳолатҳои изтирорӣ тавсия дода мешавад,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти СММ.
Қаблан ба рӯйхати воситаҳо барои истифодаи изтирорӣ ваксинаҳои Modernа, Pfizer, Janssen (Johnson & Johnson), AstraZeneca, Sinopharm ва Sinovac-и чинӣ, Covaxin ва Covishield-и ҳиндӣ, инчунин Covovax ворид гардида буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ