Сӯҳбати солинавӣ бо роҳбари гурӯҳи «Толибон» Ҳайбатулло Охунзода
…Ҳеҷ интизор набудам, ки дар арафи Соли нав, яке аз ҷашнвораҳои дилхоҳи банда дар давоми сол, чунин пешомаде маро интизор аст. Рӯзи душанбе дар таблои телефонам рақами дарозе пайдо шуд, ки пайваста занг мезад ва гумон кардам кадоме аз ақрабоям аз Куриё, Олмон ё Русия занг зада, бо Соли нав табрик карданист. Вақте ки тугмаи қабулро пахш кардам, аз он сӯ садои ношиносе ба гӯш расид:
-Ҳоҷӣ? Шуморо намояндаи Абдусалом Ҳанафӣ, муовини сарвазири Аморати Исломии Афғонистон оқои Каримзай ташвиш медиҳад. Ҳанафӣ соҳиб ба шумо сухане доштаанд…
Пас аз чанд сония садои дигаре ба гӯш расид:
-Салам, уртоқ мухбир. Медонам, ки ӯзбекиро медонӣ, рӯзи чоршанбе, соати 10 дар Тошканд, дар назди фаввораи майдони Навоӣ шав, он ҷо ба ту коре дорем… Роҳкироятро медиҳем ва чиптаи тайёраро аз фурудгоҳ мегирӣ…
Ҳанӯз дар ҷавоб сухане ба даҳон наоварда, телефонро хомӯш карданд. Лол мондам ва гаштаю баргашта сабти суҳбатро (одати касбие дорам, ки ҳамаи зангҳои воридотиро сабт мекунам) гӯш кардаму вориди интернет шудам. Ҳанафиро чустам, ки воқеан ҳам чун намояндаи ӯзбектабори Толибон* ба Тошканд омаду рафт доштааст ва Каримзай номи ёрдамчиаш будааст. Онҳо аз ман чӣ мехоста бошанд? Не, намеравам. Ман куҷою Толибон* куҷо, ки дар бораи онҳо борҳо мақолаҳои танқидӣ навиштаам. Мабодо… (Ду баландошёнаро дар як дақиқа тарконданд, ман дар назди онҳо чӣ касам?) Аммо кунҷковии касбӣ… (Оҳ, ин одати бад ягон рӯз ба сари ман балое меорад!) маҷбурам кард, ки пайи гуфтаи онҳо шавам.
Дар рӯзи муқаррашуда ба фурӯдгоҳ омада пурсидам, ки воқеан ҳам ба номи ман ба хатсайри Душанбе-Тошкант чипта тайёр будааст. Дигар пас гаштан маъное надошт… Ҳар чи бодо бод…
…Фаввораҳои майдони Навоӣ дар “истироҳати зимистона” буданд, аммо ман, ки даҳ дақиқа пештар ба ҷои вохӯрӣ омада будам, аз зебоиҳои ин майдон лаззат мебурдам. Баногоҳ аз пасам садои пасте ба гӯш расид, ки мегуфт: “Ҳоҷибобо, ба қафоятон нигоҳ накарда, ба меҳмонхонаи рӯ барӯятон ворид шавед”…
Дар яке аз ҳуҷраҳои меҳмонхонаи “Mavjud emas” ду марде, ки яке риши тора-тораи тунук дошт ва дигаре риши ғулӣ, бо ман ҳамсуҳбат шуданд. Яке аз онҳо бо лаҳҷаи форсии шикаста, ки аз ӯзбек буданаш дарак медод ва ӯро аз рӯи аксаш дар интернет шинохтам, (Мулло Ҳанафӣ!) ба суҳбат оғоз намуд:
-Укаҷон, қандай сиз? Узр, ки шуморо ташвиш додем. Мо ниёз ба муаррифии худ дар арсаи ҷаҳон дорем. Шумо чанд суҳбате бо сарони дигар кишварҳо дар вақти интихобашон ба роҳбарии давлатҳо доштед ва пас аз ин ҷомеаи ҷаҳонӣ онҳоро гарм қабул кард. Мехоҳем бо роҳбари мо низ чунин суҳбат дошта бошед…, — ва мусоҳибаҳои маро бо Трампу Мирзиёев ва Си Ҷин Пину чанд нафари дигар дар “Тоҷикистон” ёдовар шуд.
Пас за чанд лаҳзаи хомӯшӣ гуфтам:
-Дуруст, аммо роҳбари шуморо касе интихоб накардааст — ку…
Онҳо ба ҳамдигар нигоҳи маънидоре карданду сипас “тораришаш” гуфт:
-Ин гапҳоро баъд аз суҳбат бо оқои (ба гӯшам оқо “ако” расид) Ҳайбатуллоҳ мегӯед ва имшаб мо бояд худро тариқи сарҳади “Уo’q edi”-и Тирмиз ба Афғонистон расонем… Ришдорат мекунему салла ҳам мебандӣ, вагарна роҳбари мо, ки базӯр ӯро ба сӯҳбат моил кардем, қабулат намекунад.
Ба ёд овардам, ки салларо аз ин пеш танҳо шаби никоҳам бибии раҳматиам маҷбуран ба сарам монда буд…
”Хайрият, ки тариқи сарҳади Тоҷикистон намебаранд, вагарна ман ҳам қатори сарҳадшиканон ҷавобагар мешудам “-аз дил гузарондам ва дигар худро ба ихтиёри ин ҷанобон супурдам…
Тафсилоти гузариш аз сарҳаду “ришдору салладор” шудани ман ва расидан ба Кобул худаш як қиссаи дароз аст ва дар як мақолаи калон намеғунҷад, бинобар ин тасмим гирифтам, ки ин ҷо танҳо чанд пора суҳбат бо роҳбари имрӯзаи гурӯҳи Толибонро* баён кунам.
…Дар рӯ ба рӯям марде менишаст, ки риши калоне дошту аз ваҷоҳаташ мисли зимистони сарди Кобул барфу борон мерехт. Ӯ аз зери абрувонаш ба тарафи ман нигоҳе карду пас аз баромадани нафароне, ки маро наздаш оварда буданд, хостам диктофону дастгоҳи аккосиамро ба болои мизи пастаки наздам гузорам. Аммо якбора ваҷоҳати Ҳайбатулло боз ҳам пурҳайбаттар шуду мисли он, ки аз чизе мегурехта бошад ва ё “стойкаи каратэ”мегирифта бошад, ду кафи дасташро ба тарафи ман карда, хост аз паси миз бархезад. Ин дам ду ҷондораш баробар аз ду китфи ман гирифта рост карданд ва суратгираку диктафонро аз дастам гирифта, ба забони пашту гуфтанд:
ایا ته نه پوهیږې چې زموږ امیر له دې شیانو کرکه لري او حتی ګرځنده تلیفون هم نه کاروي؟ (Намедонӣ, ки Амири мо ба ин чизҳо нафрат доранд ва ҳатто аз телефони мобилӣ истифода намебаранд?)
Оҳиста асбобҳоро аз дасти ҷондорон гирифта, ба кулворам андохтам ва барои ҳамин ба ту, хонандаи азиз, замонати пурра дода наметавонам, ки “Амиралмуъминин” маҳз ҳамин хел гуфт ё ба таври дигар, зеро суҳбати мо сабт надорад ва он чӣ рӯйи қоғаз овардам аз хотирам аст.
-Афғонӣ, тоҷикӣ, эронӣ, ӯзбекӣ, русӣ, ту кистӣ?
-Журналистам, оварданд, ки бо шумо суҳбате дошта бошам…
(Ман танҳо бо паштуҳо суҳбат мекунам.) زه یوازې د پښتنو خبرې کوم
-Пас ман равам? — оҳанги аз ҷой хестан кардам.
-Не, майлаш шин. Ман ҳам гоҳ-гоҳ “Тоҷикистон” мехонам. Ҳарчанд шуморо он қадар хуш надорам, аммо мехоҳам бо Тоҷикистон равобити хуб дошта бошем…
-Акаи Ҳайбатуллоҳ…
-Ака нагӯ, Амиралмӯъмининам ман.
-Чаро дар ҳукумати шумо мавқеи ақвоми дигар лағв мешавад. Барои мисол ҳуқуқи тоҷикон пурра поймол шудааст.
Аз ин ҷуръати худ ба ҳарос афтодам, вале войи ин даҳон, ки қулф надорад. Бинобар ин, интизор шудам, ки ҳозир аз нифаи эзори сафедаш таппончаашро бароварда, маро мепарронад. Аммо ӯ абрувонашро бештар дарҳам кашида, бо рӯи турш ҷавоб дод:
-Кардем ку, дар Панҷшер ва чанд вулусволӣ тоҷикон роҳбарӣ мекунанд.
Вале якбора ғазаби Ҳайбатулло боло шуд. Мисле, ки “беэҳтиромӣ”-и ман барояш нафорид.
-Шумо тоҷикон нақшаҳои моро барбод додед. Президенти шумо кори моро чигил кард. Агар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаводиси Афғонистон дахолат намекард, моро аллакай ҷомеаи ҷаҳон эътироф карда буд. Ман аз ҳар гуна тоҷик нафрат дорам. Ҳоло мерасад замоне, ки ҳамаи шумо…
Мушташро гиреҳ кард. Ба сарам нафарорад гуфта, зуд суоли дигар додам:
-Ҳоло дар Афғонистон гуруснагист. Шумо ҷаноби Амиралмуъминин (мулолим шавад гуфта, мансабашро ҳам гуфтам) барои рафъи ин чӣ иқдом пеш гирифтаед?
-Касе дар Афғонистон аз гуруснагӣ намурдааст. Афғонистон дар ҳоли ҷиҳод аст. Муҷоҳидин аз гуруснагӣ намемиранд.
— Шумо, ки соҳибфатво ҳастед, бигӯед, ки чаро ҳоло дар Афғонистон духтарчаҳои 11-соларо, ки аз даҳонашон бӯи шири модар меояд, ба шавҳар медиҳанд?
-Синну сол муҳим нест, магар намебинӣ, ки кучаҳо пур аз гадою талбандаҳо шудааст ва беҳтар он нест, ки як модар як духтарашро фурӯшаду бо пули ӯ дигаронашро саробонӣ кунад? Ин ғамхории мо нисбат ба оилаҳои камбизоат аст.
Туф дар гулӯям дармонд, аммо ҷуръат карда, саволи навбатиро пешниҳод намудам.
-Мегӯянд, ки аз ҳайбати шумо ҳатто худи Толибон* ҳам метарсанд, аммо майдадуздҳоро магар бедаст кардан аз рӯи инсоф аст? Онҳо то охири умр дар қатори талбандаҳо ворид мешаванд?
-Як дасти дигар доранд — ку…
-Мо дар остонаи соли 2022 қарор дорем, аммо шумо қонунҳоеро ҷорӣ намуда истодаед, ки дар оғози Ислом ҳам набуданд…
-Аввалаш ин, ки мо дар соли 1443 қарор дорем, сониян кадом қонуни моро дар назар дорӣ?
-Масалан, қонун дар бораи он, ки касе риш надошта бошад, ӯро бояд ҳабс кард ва то вақте ришаш набарояд, ӯро озод намекунанд. Кӯсаи модарзод якумр дар ҳабсхона мемонад?
-Саволҳое медиҳӣ, ки… Инашро дар Шӯрои давлатӣ фикр карда мебинем.Ту риш дорӣ ку…
(Аз тарс сохта будани ришамро ошкор накардам ва нагуфтам, ки онро дар Тошканд ба ман Мулло Ҳанафӣ часпонд. Агар ширешаш канда шавад, ман, ки модарзод камришам, чанд моҳ ё сол равонаи зиндон мешавам) Бо риши ларзон мусоҳибаро идома додам.
-Вақте ки чанд сол пеш сари ҳукумат омадед, ёдгориҳои Бомиёнро, ки чандҳазорсола буданд, тупборон кардед. Ин бор аксҳои Қаҳрамони Афғонистонро ҷое чидаю ҷои дигар тирборон кардед. Мегӯянд, ки ин коратон аз рашк аст. Аммо як шоири мусалмон замоне гуфта буд, ки “Агар ба гузашта аз туфангча тир андозӣ, оянда ба ту аз туп тир холӣ хоҳад кард”. Дар Кобул қабри як “амиралмуъминини” дигаре ҳам ҳаст, ки дар охири умр кӯр шуда, дар ғарибиҳо бо азоб мурд. Аз чунин пешомад наметарсед?
-Оҳ тоҷики “хитрий”! Ту Амири Бухороро дар назар дорӣ. Аммо Аҳмадшоҳат кӣ буд? Як нафаре, ки зидди истилогарони хориҷӣ меҷангид ва мо ҳам чунинем. Пас, мо ҳам қаҳрамонем…
-Шуморо замоне Амрико созмон дода буду дастгирӣ мекард — ку…?
-Ҳоло ҳам…
-Яъне бачаи Амрико ҳастед ва барои ҳамин зуд Афғонистонро тасарруф кардед?
-Магар Ашраф Ғанӣ ин корро бепул кард? Пули зиёдеро бо иҷозати мою Амрико бо худ бурд. Пул, хусусан, доллар то ҳол ба касе зиён наовардааст… Биё ягон саволи дигар деҳ, ки ман аз сиёсат хаста шудам.
-Майлаш, падари шумо як имомхатиби одии деҳае будааст ва аз пули мардуми ҳамон деҳа шуморо калон кардааст. Акнун шумо ба қавле, имом хатиби тамоми Афғонистон шудед, оё бо пули ин мардум ДОИШ ва террористони дигарро таълим намедиҳед?
-Мо бо ДОИШ дар ҷангем…
-Дар мо мегӯянд: “Ба ҷанги зану шавҳар остонаи дар хандидааст…” Ба ҳар ҳол, Шуморо бо фарорасии соли 2022 табрик мегӯям.
-Ман аз кӣ камам, ки мисли дигар мусоҳибаҳоят Соли навро аз номи ҳамаи тоҷикон табрик намегуӣ?
-Барои он, ки тоҷикон шуморо ба таври расмӣ намешиносанд ва гумон аст, ки ба ин наздикиҳо шиносанд…
-Майлаш, лекин аз рӯи анъанае, ки замони мусоҳибаат бо Шавкат Мирзиёев ҷорӣ кард будӣ, бо ман ҳам як оши палави тоҷикӣ намепазӣ?
-Не, оши мо бо шумо намепазад…
Ба назарам, пас аз ин суханон ҳайбати Ҳайбатулло хеле паст шуд ва бо ишораи даст ба ҷондоронаш ишора кард,ки маро аз утоқ берун кунанд.
…Вақте, ки Кобули туманолуд ва сардро тарк мекардем, ба гӯшам аз дохили дукони сарироҳӣ садое расид, ки мегуфт:
Ислом ба зоти хеш
надорад айбе,
Ҳар айб, ки ҳаст дар
Ҳайбатуллост…
А. ҲОҶӢ
Душанбе, Тошканд, Кобул
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ