Сӯҳбати сесоатаи ду абарқудрат бо чӣ анҷомид?

Владимир Путин, президенти Русия ва Ҷо Байден, президенти ИМА зиёда аз се соат суҳбат карданд, вале ҷонибҳо дар алоҳидагӣ нишасти матуботӣ баргузор намуданд.

“Ман ва президент Путин масъулияти бузург дорем. Мо ихтилофҳо дорем, аммо мо бояд муносибати устувор дошта бошем.”,—таъкид кард ӯ. «Ман ба Путин гуфтам, ки вазифаи ман зарар расонидан ба Русия нест, балки ҳимояи мардуми Амрико аст.» Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Байден, ӯ дар бораи Алексей Навалний ва шаҳрвандони Амрико, ки дар зиндонҳои Русия ҳастанд, суҳбат карда, изҳор доштааст, ки аз ҳаққи онҳо ҳимоят мекунад.
«Ман ба ӯ гуфтам, ки чӣ тавр ҳамчун президенти ИМА дар баробари нақзи ҳуқуқи инсон хомӯш бимонам?”,—гуфт ӯ.
Инчунин, Байден гуфт, ки бо Путин масъалаи ҳамлаи киберӣ ба ширкатҳои амрикоӣ ва ҳамчунин дар бораи Беларус, Украина ва Афғонистон низ суҳбат карданд.
«Русия низ ба Афғонистони бидуни террористҳо манфиатдор аст”,—гуфт ӯ.
«Ман он чизеро кардам, ки бояд мекардам. Аввалан соҳаҳое, ки мо метавонем дар он ҳамкорӣ кунем, муайян кардам. Дуюм масъала шахсан вохӯрдан буд. Сеюм ин буд, ки мавқеи худро равшан кунам. Ман бо чизе розӣ набудам, гуфтам. Ӯ ҳам бо чизе розӣ набуд, гуфт”,—зикр кард Байден.
Владимир Путин, президенти Русия дар нишасти матбуотии худ, ки пеш аз нишасти Байден баргузор шуд, гуфт, ки дар ин мулоқот масъалаи кори сафирони ду кишвар дар Вашингтон ва Маскав ҳал шудааст.

Дар шаҳри Женеваи Шветсария ду президент беш аз се соат суҳбат карданд, ки ду соати он суҳбати рӯ ба рӯ буд. Дар суҳбати васеъ, аз ҷониби Русия вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров, мушовири умури сиёсии президент Юрий Ушаков, муовини вазири хориҷӣ Сергей Рябков, раиси ситоди кулли артиши Русия генерал Валерий Герасимов, сафири Русия дар Вашингтон Анатолий Антонов, фиристодаҳои Кремлин дар Украинаву Сурия ва сухангӯ Дмитрий Песков ҳузур доштанд.
Ду кишвар бо ҳам танишҳои дипломатӣ доштанд ва сафирони худро бозпас хонда буданд. Путин гуфт, ин “масъала ҳал шуд.”
Пас аз ҳодисаи заҳролудсозии Алексей Навалний, мухолифи ҳукумати Русия ва ошкор шудани ҳолатҳои даст доштани Русия дар таркиши анбори силоҳ дар Чехия ИМА нисбат ба Русия таҳрим эълон кард. Дар навбати худ Русия Амрикоро ба рӯйхати кишварҳое ворид кард, ки “дӯсти ин кишвар нестанд”.
“Мо бо ӯ чашм ба чашм ду соат суҳбат кардем. На бо ҳама раҳбарон чунин мулоқот кардаем. Дар мулоқот фазои душманӣ набуд. Вохӯрӣ ба таври принсипӣ сурат гирифт, мавқеъҳои мо ба ҳам мувофиқат намекунанд, аммо мулоқот хеле созанда буд,”— гуфт Владимир Путин.
Путин тасдиқ кард, ки ду раҳбар масъалаи Украина, Навалний ва ҳуқуқи инсонро низ баҳс кардаанд.
Путин гуфт, ки президенти ИМА ӯро ба Қасри Сафед даъват накард ва ӯ низ аз Байден нахост, ки ба Русия сафар намояд.
Ӯ ҳамчунин Фонди мубориза бо фасоди Навалнийро “ташкилоти экстремистӣ” ном бурд.
«Ин созмон ошкоро ба бетартибиҳои оммавӣ даъват кард, ба ин ноболиғонро ҷалб намуд, ки дар Русия манъ аст, тарзи таҳияи “Коктейл Молотова”-ро пешниҳод кард ва маълумоти шахсии кормандони пулисро паҳн кард.”,—гуфт Путин.
Пас аз ин Путин аз эътирозҳои оммавии рухдода дар ИМА, ки пас аз марги Ҷорҷ Флойид, як африқоитабори амрикоӣ, ки ҳангоми боздошти пулис фавтид, ёд кард. Ӯ гуфт: “Мо намехоҳем, ки дар кишвари мо чунин рух диҳад ва ҳама корро мекунем, то ба ин роҳ надиҳем”.
Дар ибтидо мулоқоти ҷонибҳо дар як доираи маҳдуд, бо иштироки Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия ва Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико баргузор шуд.
Мулоқоти нахустини раиси ҷумҳуриҳои ИМА ва Русия – Ҷо Байден ва Владимир Путин дар Женева дар ҳоле баргузор шуд, ки равобити ин ду кишвар аз замони Ҷанги сард дар поинтарин сатҳ қарор дошта, моҳе пеш Байден дар як мусоҳибааш гуфт, бовар дорад, ки ҳамкори русаш як “қотил” аст.
Суҳбатҳои ду президент дар Вилла де ла Гранжеи шаҳри Женева баргузор шуд. Байден гуфта буд, ба мулоқоте меравад, ки онро як сӯҳбати “ду қудрат” номид ва гуфт, “ҳамеша беҳтар аст, ки рӯ ба рӯ суҳбат кунем”. Путин дар навбати худ гуфт, умедвор аст, ки ин мулоқот “бомаҳсул” мешава

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *