Сӯхтор дар Пекин 29 нафарро ба ҳалокат расонд (видео)
Бино ба гузориши хабаргузории China Daily бо истинод ба мақомоти маҳаллӣ, сӯхтор рӯзи сешанбе дар бемористони Чангфени ноҳияи Фэнтай рух додааст.
Қаблан дар бораи кушта шудани 21 нафар гузориш шуда буд. 19-уми апрел мақомот марги ҳашт нафари дигарро таъйид карданд.
Тибқи гузоришҳо, наҷотдиҳандагон тавонистаанд 71 беморро аз бинои сӯхта наҷот диҳанд.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоии ин ҳодисаро нашр мекунанд ва нишон медиҳанд, ки одамон аз сӯхтор дар қисмҳои берунии кондитсионерҳо фирор мекунанд ва дигарон бо истифода аз рӯйпӯшҳо аз тирезаҳои бино поён мефароянд.
То ҳол сабаби сӯхтор муайян карда нашуда, аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ