Сӯхтор дар тахтабозори “Баракат”
Сӯхтор дар тахтабозори “Баракат” Манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар бораи сӯхтори бозори «Баракат» дар вилояти Суғд иттилоъ доданд. Бино ба гуфти шоҳидон сӯхтор соати 20 сар зада ба масофаи зиёд доман паҳн намудааст. Абубакр яке аз соҳибкорони ин бозор ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои хомӯшкунии оташ кормандон ва мошинҳои обпоши зиёд ҳоло дар ҷойи ҳодиса фиристода шудаанд. «Мардуми зиёд дар ин нимашаб ба ҷойи ҳодиса ҳозир шудаанд. Мутассифона сӯхтор ба масоҳати зиёди бозор осеб расонидааст», — гуфт ӯ. Дар ҳамин ҳол аз Идораи сӯхторнишонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вуқуъи ин ҳодисаро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки ҳоло комиссия дар ҷойи ҳодиса сабабҳои сар задани сухтор ва ҳаҷми зарари расида аз онро таҳқиқ мекунанд. То кунун дар бораи талафот иттилое дастрас нашудааст. Бозори «Баракат» яке аз бузургтарин бозорҳои фурӯши масолеҳи сохтмонӣ дар шимоли Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Он дар гардиши шаҳри Гулистон дар канори «Атушбозор» воқеъ аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ