Сӯхтор дар заводи шифербарорӣ

Бегоҳирӯзӣ, тақрибан соатҳои 6-7-и бегоҳ осмони километри нуҳум роҳе, ки маркази шаҳри Душанберо ба тарафи шаҳри Ваҳдат мебарад, дуди ғализе фаро гирифт.

Маълум шуд, ки дар ин дақиқаҳо заводи шифербарорӣ, ки дар наздики оромгоҳ ва масҷиди Мавлоно Яъқуби Чархӣ фаъолият дошт, месузад. Садои аз зарби оташ ва ҳарорати баланд шикастани шиферҳо шунида мешуд.Ҳамчунин, садои мошинҳо сухторхомушкунӣ низ ба гуш расиданд,ки ба ҳамон самт ҳаракат доштанд. “Завод месузад…” мегуфтанд онҳое, ки ин манзараро аз дуру наздик мушоҳида менамуданд.

Айни замон оид ба ин сӯхтор маълумоти бештаре нест ва ба таври расмӣ маълумот пахш нагардидааст.

А.А.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *