Сӯхтори азими ҷангал дар Қазоқистон

— Хомӯш кардани сӯхтори бузург дар ҳудуди хоҷагии ҷангали Батпаеви вилояти Абайи Қазоқистон, ки 2 ҳазор гектарро фаро гирифтааст, идома дорад,- хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қазоқистон.

Бино ба гуфтаи манбаъ, дар рафъи сӯхтор 167 нафар, 47 техника, аз ҷумла се чархбол ширкат дошта, ба ҷойҳои аҳолинишин хавфе нест. Вале сокинони се маҳалла манзилҳои худро тарк кардаанд. Нурболат Дербисов, раиси Кумитаи Хадамоти оташнишонии Вазорати ҳолатҳои фавқулода низ ба маҳали сӯхтор рафтааст.

Гуфта мешавад, ки сӯхтори ҷангал дар ноҳияи Абай як рӯз пеш, 8-уми июн оғоз шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *