Сӯиқасд ба ҷони Музаффар («Boroda tj»). Вазир ҳодисаро шарҳ дод (видео)

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони Музаффар Бобораҳматов, бо тахаллус “Boroda tj”-ро шарҳ дод.

17-уми феврали соли равон Музаффар Бобораҳматов, ки дар фазои маҷозӣ бо тахаллуси “Boroda tj” машҳур аст, барои ободиву пешравиҳои Тоҷикистонро дар ютубканалаш нишон додан аз ҷониби чанд нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аъзоёни фирории ташкилоти экстремистӣ- террористии Ҳизби наҳзати исломӣ дар Олмон ҳастанд, парронда шуд.

Вобаста ба ин масъала имрӯз, 19-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода ва полковники милитсия Шодӣ Ҳафиззода чунин гуфтанд:

“Дар ҳақиқат ин ҳодиса дар Олмон рух додааст. Нотавонбинон пас аз нашри видеои блогери тоҷик, ки аз пешравию гул-гулшукуфоии Тоҷикистон бозгӯ мекард, ин ҳодисаро ташкил карданд ва ҳоло мақомоти полиси ноҳияи Соести Ҷумҳурии Олмон бо ҷурми содир намудани ҷинояти ҳамлаи мусаллаҳона чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро боздошт кардааст”.

Блогери тоҷик Музаффар Бобораҳматов, соли таваллудаш 1985, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ буда, муваққатан дар шаҳри Соести Ҷумҳурии Олмон зиндагӣ дорад. ӯ дар шабакаи иҷтимоии Ютуб масъули канали «Boroda tj» аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *