Сӯзишвории арзон дар куҷост? (инфографика + аудио)

Тоҷикистон дар раддабандии арзонтарин сӯзишвории дизелӣ дар кишварҳои ИДМ дар ҷойи шашум меистад.

Таҳлили бозори сӯзишворӣ дар ҳафт кишварро сомонаи Pressa.tj анҷом дод. Ҳамин тариқ, нархи як литр сӯзишвории дизелӣ чунин муқоиса шуд:

ШАРҲИ РАСМӢ

Сафаралӣ Қурбонзода, муовини аввали сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Тоҷикистон афзоиши якбораи қимати маводи сӯхт дар бозорҳои кишварро ба афзоиши қимати ширкатҳои нафткаш вобаста донист.

Ӯ моҳи июли соли 2022 зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҳанӯз дар моҳи январи соли 2022-юм 1 тонна сӯзишворӣ 560 доллар арзиш дошт ва дар моҳи июл он ба 890 доллар расидааст. Қурбонзода таъкид кард, ки “афзоиши нарх ва талабот дар кишварҳои содиркунанда ба болоравии қурби рубл таъсири муҳим дорад. Ҳоло ҷумҳурӣ сӯзишвориро ҳам бо рубл ва ҳам бо асъор мехарад. Натиҷаҳои таҳлили нархҳои бозор нишон дод, ки дар моҳи июни соли 2022-юм 1 тонна бензин 209 доллар (32 фоиз) ва сӯзишвории дизелӣ 226 доллар (40 фоиз) нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 боло рафтааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *