Сӯҳбати телефонии президентҳо, раиси вилоят ва ноҳия дар Ворух
Нимаи дуюми рӯзи 14 март президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳаводиси хунини Ворухро баррасӣ кардаанд.
Нимаи дуюми рӯзи 14 март президентҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков дар як гуфтугӯи телефонӣ ҳаводиси хунини Ворухро баррасӣ кардаанд. Қабл аз ин, айни мавзӯъро сарвазирҳои ду кишвар тавассути телефон дар миён гузоштанд. Дар ҷараёни муноқишаҳо дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканди Қирғизистон, ки аз 13 март идома дорад, ду шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, аз ҳарду тараф ҳудуди 30 нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Жеенбеков ба наздикони сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Ҳусейн Ҳакимов, ки рӯзи 13 март кушта шуд, изҳори ҳамдардӣ кардааст. Ҳарду президент хостори тафтиши фарогири сабабҳои низоъи ахир ва ҳалли баҳсҳои марзӣ бо роҳҳои осоишта шудаанд.
Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар гуфтугӯи телефонӣ президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сооронбой Жеенбеков «масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистонро мавриди муҳокима қарор дода, ба вазъияте, ки бар асари низои бегоҳирӯзии 13 марти соли равон дар минтақаҳои наздисарҳадии ду кишвар ба амал омадааст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Дар ин зимн Президентҳо ҷиҳати додани супоришҳои дахлдор ба мақомоти салоҳиятдори ҷонибҳо дар хусуси тафтишоти ҳамаҷонибаи ин низоъ, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, ҳамчунин истифодаи роҳҳои мусолиматомези рафъи он ба мувофиқа расиданд.Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон СооронбойЖеенбеков таъзияву тассалият ва ҳамдардии амиқи худро ба аъзои оила ва наздикони шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳусейн Ҳакимов, ки дар аснои низои наздисарҳадӣ ба ҳалокат расид, иброз дошт.”
Хадамоти матбуоти президенти Қирғизистон дар иттилоияи расмиаш дар бораи ин гуфтугӯи телефонии ду президент менависад, «Сооронбой Жеенбеков ва Эмомалӣ Раҳмон ба зарурати таъсиси комиссияи муштарак барои таҳқиқи холисона ва пешгирӣ аз такрори чунин ҳолатҳо дар оянда, ҳамчунин ба зарурати тезондани раванди музокирот ҷиҳати анҷоми таъйин ва аломатгузории марзҳо таъкид карданд. Сарони ҳарду давлат дар ин маврид, ки халқҳои ин ду кишвар, ки дар тӯли асрҳо муносибатҳои ҳамсоягӣ доштанд, бояд танзо дар сулҳу дӯстӣ зиндагӣ кунанд, ҳамфикр мебошанд.”
Гуфтугӯи телефонии Раҳмон ва Жеенбеков дар ҳоле сурат гирифт, ки нимаи дуюми рӯзи 14 март дар байни сокинони Ворух ва деҳаҳои қирғизнишин муноқишаи нав рух дода, ба тирпарронӣ печид. Дар натиҷаи тирпарронӣ аз ҷониби сокинони мусаллаҳи Қирғизистон Рафоиддин Тешаеви 37-сола ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Тирпарронӣ замоне рух дод, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси Исфара Сиҷоуддин Саломзода барои музокирот дар Ворух қарор доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ